Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
“CASA-1000”. Тоҷикистон дар меҳвари лоиҳаи бузурги минтақавӣ
Дар ҳоле, ки ҷаҳон рӯ ба сарчашмаҳои тоза ва барқароршавандаи энержӣ меорад, Тоҷикистон бо лоиҳаи роҳбурдии “CASA-1000” мавқеи худро ба ҳайси як кишвари муҳимми содиркунандаи энергияи сабз дар минтақаи Осиё тақвият мебахшад. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ таҳти унвони “Дурнамои рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ дар панели махсус лоиҳаи “CASA-1000”-ро чун намунаи барҷастаи ҳамгироии энергетикии минтақавӣ арзёбӣ намудаанд.
Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 24-уми июн дар Душанба баргузор гардид, Манучеҳр Сафарзода, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуҷаназар Асламшоев, мушовири ҳуқуқии гурӯҳи кории “CASA-1000”, Файзалӣ Самиев, роҳбари лоиҳаи “CASA-1000” ва Фуруғзод Усмонов, коршиноси соҳаи энергетика суханронӣ намуданд. Панел бо ширкати намояндагони бахшҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ сурат гирифт.
“CASA-1000” як лоиҳаи калидӣ дар самти ҳамгироии энергетикӣ ва рушди содироти неруи барқи тоза ба ҳисоб меравад” - таъкид кард Манучеҳр Сафарзода зимни суханронии хеш. Ӯ чунин афзуд: “Ин тарҳ имкони васеъро барои фурӯши неруи барқи гидроэнергетикии Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон фароҳам месозад.
Лоиҳаи “CASA-1000” дар навбати аввал интиқоли барқи барқароршавандаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон ба роҳ мемонад. Бар асоси иттилои расмии Бонки ҷаҳонӣ, ки яке аз сармоягузорони асосии лоиҳа аст, хати интиқоли барқ ба масофаи беш аз 1,200 километр кашида хоҳад шуд, ки интиқоли то 1300 мегаватт неруи барқро дар давраи аввал таъмин мекунад. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва геопалитикӣ “CASA-1000” метавонад ба тағйири низоми энергетикии минтақа боис гардад. Ба иттилои “Energy Charter” ин лоиҳа метавонад ҳамчун модел барои ҳамкориҳои дигари транссарҳадии энергетикӣ дар минтақа хизмат кунад.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини ҳамоҳангии техникӣ, мушкилоти ҳуқуқиву сиёсӣ ва таъмини сармояи кофӣ барои иҷрои пурраи лоиҳа баррасӣ гардиданд. Мутахассисон таъкид карданд, ки фақат бо ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа ва ҳимояти ниҳодҳои байналмилалии молӣ татбиқи муваффақонаи тарҳ имконпазир хоҳад буд.
Файзалӣ Самиев зикр кард, ки то имрӯз чанд марҳилаи муҳимми сохтмон ва омӯзиши техникӣ анҷом ёфта, корҳо дар қаламрави Тоҷикистон бо суръат идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҷалби сармояи нав ва таъмини бехатарии инфрасохтор дар Афғонистон аз масъалаҳои калидии марҳилаи ояндаи лоиҳа ба ҳисоб меравад.
Дар конфронс ҳамчунин, мавзуъҳое чун “ҳамкории фаромарзии энергетикӣ”, “технологияҳои тозаи барқароршаванда” ва “харитаи роҳи ҳадафи 7-уми рушди устувор барои Тоҷикистон” баррасӣ шуданд. Ҳадафи ниҳоии ин ташаббусҳо коҳиши вобастагӣ аз сӯзишвории ҳифзнашаванда ва таҳкими амнияти энергетикии минтақа мебошад.
Бар асоси арзёбии коршиносон “CASA-1000” метавонад дар дарозмуддат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии тамоми кишварҳои шарик такони ҷиддӣ бахшад.
Коршиноси соҳаи энергетика Фуруғзод Усмонов, ки дар ин нишаст ширкат дошт, дар суҳбат бо “Диалог” чунин таъкид намуд: “Лоиҳаи CASA-1000 лоиҳаи бузурги минтақавӣ буда, дар оянда метавонад мавқеи геополитикии Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари тавлидкунанда ва таҳвилдиҳандаи неруи барқ дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ тақвият бахшад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа ба таъминкунандаи асосии неруи барқи сабз дар Осиёи Ҷанубӣ табдил хоҳад шуд. Ин лоиҳа заминаҳои ҳамкориҳои васеътарро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон барои Тоҷикистон ба вуҷуд хоҳад овард”.
Хабаргузориҳои покистонӣ ва афғонистонӣ дар моҳҳои охир дар хусуси ба анҷом расидани марҳилаи асосии корҳои бунёди лоиҳаи “CASA-1000” иттилоъ нашр намуда, таъкид кардаанд, ки то поёни соли 2025 лоиҳаи мазкур ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Хабаргузории “Арабнюз” аз қавли Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2-уми июн навишт, ки лоиҳаи мазкур то моҳи декабри соли 2025 ба анҷом хоҳад расид.
Лоиҳаи “CASA-1000”, ки соли 2016 оғоз шуд, бо мақсади содироти барқи изофӣ ва талафшавандаи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон дар фасли тобистон пешбинӣ шудааст. Лоиҳа қарор буд, то соли 2020 ба анҷом расад ва интиқоли барқ оғоз гардад, аммо дар натиҷаи нооромӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон кори он дар санаи мушаххасшуда ба анҷом нарасид.
“Лоиҳаи бузурги “CASA-1000” миёни Тоҷикистон ва Покистон то декабри соли 2025 ба анҷом мерасад, ки бо оғози он 1000 мегаватт барқ ба Покистон интиқол дода мешавад” - зикр кардааст Ҷамшед Шоимзода дар суҳбат ба расонаи “Арабниюз”.
Ба гуфтаи ӯ, то оғози соли 2027 шабака ба таври комил фаъол мешавад ва ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ миёни Тоҷикистону Покистон тақвият меёбад, ки ин оғози як давраи нави лоиҳаҳои сабз ва энергетикӣ дар ду кишвар хоҳад буд.
Ба гуфти коршиносон зарфияти интиқоли “CASA-1000” ба 1300 мегаватт мерасад ва он миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон як пайвандгари муҳим мегардад, ки барқи тозаро барои минтақа, бахусус бахши саноати Покистон таъмин хоҳад кард.
Дар асоси маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об Тоҷикистон метавонад, солона 10 миллиард киловатт соат барқ содир кунад, ки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон хоҳад буд. Ҳоло низ Тоҷикистон имкони истеҳсоли то 500 миллиард киловатт-соат барқро дорад, ки баландтарин иқтидор дар миёни кишварҳои минтақа дар бахши энергетика мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”








