Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Медали тилло аз Қирғизистон. Хонандаи тоҷик ғолиби озмуни байналмилалии шоҳмот шуд
Бинобар иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Восколович Богдан, хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати пойтахт дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Гуфта мешавад, ки аз 20-ум то 29-умр июни соли равон дар Маркази истироҳатии “Солемар”-и Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” баргузор гардид. Ин мусобиқа (гурӯҳи “С”) шоҳмотбозони то 14-солаи 7 кишвари ҷаҳонро гирд овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Восколович Богдан намояндагӣ кард.
Ин хонандаи тоҷик дар ҷараёни 9 бозии расмӣ бо маҳорати баланди стратегӣ ва зеҳнӣ 7,5 хол ба даст оварда, дар байни тамоми иштирокчиён ҷойи аввалро ишғол намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”