Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Усули нави фиребгарон. Боз номи "Алиф Бонк" истифода мешавад
"Алиф Бонк" хабар медиҳад, ки қаллобони интернетӣ барои ба доми худ афтондани мардум аз ҳилаи нав кор мегиранд.
Манбаъ меафзояд, ки дар паёмрасони Телеграм паёмак ё занг зада, фиребгарон аз номи бонки мазкур ба мардум ҷойи кор пешниҳод мекунанд.
"Онҳо номи моро истифода бурда, ба шумо ҷойи кор пешниҳод менамоянд ё дар Telegram паёмак мефиристанд, занг мезананд. Гӯё шуморо аз қаллобон ҳимоя карда, бо кумакашон рақами телефонатонро иваз мекунанд. Сипас, шуморо водор мекунанд, ки барномаи AlifGuard-ро насб кунед. Ин барномаи мо нест. Тавассути он фиребгарон ба телефони шумо дастрасӣ пайдо карда, рамзҳо, паёмакҳо ва маълумоти шахсиатонро дуздида метавонанд” - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, масъулини бонки мазкур тавсия медиҳанд, ки мизоҷон ҳеч гоҳ маълумоти шахсӣ ва рамзҳояшонро ба касе надиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад