Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баҳси нархи гӯшт дар парлумони Ӯзбекистон. Нарх дар як сол 32 фоиз афзоиш ёфт
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як соли ахир гӯшти гӯсфанд 32,3% ва гӯшти гов 30,5% афзоиш ёфтааст.
Афзоиши нархи гӯшт ва чораҳои андешидашуда барои суботи нарх рӯзи панҷшанбе дар парлумони Ӯзбекистон баррасӣ шуд, ки дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва молия ва Кумитаи рушди чорводории ин кишвар маълумот доданд.
Вакили парлумони Ӯзбекистон Икромҷон Наҷмиддинов ёдовар шуд, ки аз охири моҳи феврали соли 2025 аввал дар Тошканд ва баъд дар дигар вилоятҳо нархи гӯшт, ки ҳиссаи зиёд дар таваррумро дорад, якбора афзоиш ёфт.
Тибқи маълумоти Агентии омори ин кишвар, дар моҳи январ-апрел нархи гӯшти гӯсфанд 15% ва гӯшти гов 14, 6% афзуд, ки ин нишондиҳанда ар як сол мутаносибан 32, 3% ва 30, 5% -ро ташкил медиҳад.
“Гӯшт яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ буда, аз ҷониби аҳолӣ зиёд истеъмол мешавад. Афзоиши босуръати нархи он шаҳрвандонро нигарон кардааст ва он метавонад ба интизориҳои таваррумии мардум таъсири манфӣ расонад” – таъкид намуд Икромҷон Наҷмиддинов, вакили парлумони Ӯзбекистон.
Сардори идораи Вазорати иқтисод ва молия Акрамҷон Абдуҳамидов гуфт меъёри ҳадди ақали истеъмоли гӯшт барои ҳар сари аҳолӣ 42,8 кг аст, ки дар маҷмуъ ба 1,7 - 1, 8 миллион тонна дар як сол баробар аст.
“Дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 3,2 миллион тонна гӯшт дар вазни зинда истеҳсол шавад, аз ҷумла 1 миллион тонна гӯшти паранда” – гуфт Абдуҳамидов.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Ӯзбекистон аз оғози сол афзоиши босуръати нархи гӯшт мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумоти хизматрасонии байналмилалии Numbeo то 26-уми майи соли ҷорӣ як килло гӯшти гов дар Ӯзбекистон 8,59 доллари Амрико (тақрибан 107 ҳазор сӯм) нарх дорад. Нархи гӯшт дар Қазоқистон 7,11 доллар, Қирғизистон 7, 84 доллар ва Тоҷикистон 8, 9 доллар арзиш дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”