27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.06.2025 11:32

Дар Русия барномаи мобилии хизматрасонии “ruID” барои муҳоҷирон бо забони тоҷикӣ фаъол шуд

Дар Федератсияи Русия барномаи инноватсионии мобилии  “ruID” ба фаъолият оғоз кард, ки он сӯйи Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии ин кишвар омода шудааст.

Ин хизматрасонӣ равандҳои ҳамкории шаҳрвандони хориҷиро бо хадамоти давлатии Русия ба таври назаррас осон мекунад ва ба онҳо барои омодагӣ ба сафари худ ба кишвар кумак мерасонад.

Барномаи инноватсионии мазкур аз имкониятҳои пешниҳод кардани дархост барои вуруд, санҷиши маҳдудиятҳо, сохтани профили рақамӣ ва дастрасӣ ба портали хизматрасониҳои давлатӣ иборат мебошад.

Ин замима бо 7 забон кор мекунад ва барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас аст: русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, арманӣ ва англисӣ.

Маълумоти муҳимми вуруди бе раводид бо шеваи дархост ба воситаи “ruID” бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вақти муайяншудаи сафар пешниҳод карда шавад. Барои ин зарур аст акси шахсӣ, нусхаи электронии ҳуҷҷат, сабти овоз ва нишонии почтаи электрониро пешниҳод намоед.

Баъди расидан ба Русия, дар асоси маълумоти воридшуда ба “ruID”  профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ ташкил карда мешавад. Ин раванд сохтани рақами суғуртаи инфиродӣ ва ҳисоби стандартиро дар портали хизматрасониҳои давлатӣ дар бар мегирад. Ин маълумот анҷоми корҳои рӯзмарраро осон мекунад. Масалан, дар вақти пайвастшавӣ ба шабакаи мобилӣ, гирифтани симкорт ё истифода аз дигар хизматрасонаҳои зарурӣ фаъолиятро осон мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.