27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
30.06.2025 11:15

Номзади шаҳри Ню-Йорк шудани як мусулмон хушунати исломситезонаро дар Амрико афзоиш додааст

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Амрико мегӯянд, ки баъди номзади интихоботи шаҳрдорӣ шудани Заҳрон Мамдании мусалмон фақат дар як рӯз тақрибан 6, 200 паёмҳои онлайнии дорои таҳқир ва хушунати исломситезонаро сабт кардаанд.

Дар ин ҳафта баъд аз пирӯзии Заҳрон Мамдании мусалмон ба ҳайси номзад ба интихоботи раиси шаҳри Ню-Йорк дар интихоботи ибтидоии демократҳо паёмҳои нафратбори зидди мусалмонон бар зидди ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ якбора афзоиш ёфтаанд.

Шуъбаи гурӯҳи ҳомии Шурои робитаҳои амрикоӣ-исломӣ, ки чунин ҳолатҳоро сабт мекунад, фақат дар рӯзи баъди интихобот ҳадди ақал 127 гузориши вобаста ба таҳдидҳои хушунатомез бар зидди Заҳрон Мамданӣ ва маъракаи интихоботии ӯро ба қайд гирифтааст. Ин ниҳод гуфт, ки ин рақам панҷ маротиба бештар аз гузоришҳои рӯзонаест, ки дар аввали моҳи ҷорӣ сабт мешуд. Ниҳоди зикршуда дар маҷмуъ тақрибан 6,200 паёми онлайниро мушаххас кардааст, ки дар он ба шакле таҳқир ё душманӣ нисбат ба ислом сабт шудааст.

Заҳрон Мамданӣ худро сотсиалисти демократ мешуморад. Ӯ намояндаи 33-солаи қонунгузории иёлати Ню-Йорк аст. Вай рӯзи сешанбе баъди маълум шудани натиҷаҳои интихоботи дарунҳизбӣ пирӯзиашро эълон кард. Рақиби ӯ дар интихоботи дарунҳизбӣ дар Ҳизби демократи Амрико Эндрю Куомо, губернатори пешини ин иёлат буд.

Заҳрон Мамданӣ дар Уганда аз падар ва модари ҳиндӣ ба дунё омадааст ва агар дар интихоботи умумии моҳи ноябр ғолиб шавад, нахустин шаҳрдори мусалмон ва ҳиндутабори Ню-Йорк хоҳад шуд.

Босим Элкарра, мудири иҷроияи CAIR Action дар ин бора чунин гуфт: “Мо аз ҳамаи шахсони расмӣ, аз ҳар ҳизб даъват мекунем, ки исломситезиро бе ягон баҳона маҳкум кунанд, ҳатто агар ҳампаймонҳояшон ин таҳқирҳоро паҳн кунанд”.

Таҳлилгарон гуфтаанд, ки беш аз 62 фоизи паёмҳо бар зидди мусалмонон ва бар зидди Заҳрон Мамданӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” нашр шудааст. Ба гуфтаи онҳо дар миёни афроде, ки суханони зидди мусалмононро паҳн мекунанд, наздикони президент Доналд Трамп, аз ҷумла писарони ӯ низ ҳастанд.

Писари Доналд Трамп рӯзи чоршанбе дар шабакаи “Х” навишт: “Ню-Йорк суқут кардааст” ва афзуд “Ню-Йоркиҳо барои 9/11 овоз доданд”.

Худи ҳамон рӯз намояндаи ҷумҳурихоҳон Марҷори Тайлор Грин акси сохтаи ҳуши маснуъиро нашр кард, ки дар он муҷассамаи Озодӣ дар Амрико бо бурқа (ҳиҷоби исломӣ) пӯшонида шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.