Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҷанозаи 60 фармондеҳи кушташудаи Эрон бо ҳузури ҳазорон нафар дар маркази Теҳрон баргузор шуд
Рӯзи шанбе хиёбонҳои марказии пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон шоҳиди маросими бесобиқаи видоъ бо 60 нафар қурбониёни ҷанги охири 12 – рӯза бо Исроил шуданд. Дар миёни кушташудаҳо 16 донишманди атомӣ, 10 фармондеҳи баландпояи низомӣ ва теъдоде занону кӯдакон низ буданд, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил ба ҳалокат расиданд.
Маросим аз саҳари барвақт аз назди даромадгоҳи асосии Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд ва дар роҳи майдони Инқилоб то майдони Озодӣ идома ёфт. Хиёбонҳо пур аз издиҳоми мотамдор буд, ки парчамҳои сурхи “Ё Ҳусейн” ва шиорҳои “Марг бар Исроил” ва “Марг бар Амрико” –ро баланд бардошта буданд. Ҷавонону пиронсолон ва мардону занон дар ин раҳпаймоии мотам ширкат намуда, бо эҳсоси андуҳ ва ифтихор тобутҳои шаҳидонро бар дӯш мекашиданд.
Дар ин маросим шахсиятҳои калидии сиёсиву низомии Эрон ҳузур доштанд, аз ҷумла президент Масъуд Пизишкиён, фармондеҳи Қудс Исмоил Қоонӣ ва мушовири роҳбари Эрон Алӣ Шамхонӣ, ки қаблан хабари кушташудани ӯ нодуруст дар расонаҳо нашр шуда буд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ дар ин маросим гуфт, ки “мо хуни худро додем, аммо шарафамонро на. Дар луғати миллати Эрон калимаи таслим вуҷуд надорад”. Ӯ баъдан бо нашри аксаш дар Инстаграм, ки дар канори тобути генерал Ҳусайн Саломӣ истода буд, навишт: “Ифтихори миллат аз ҳама чиз гаронбаҳотар аст. Миллати Эрон имрӯз бо сари баланд ва иродаи қавитар ба оянда менигарад”.
Баъди анҷоми маросими асосӣ дар майдони Инқилоб ҷанозаи шаҳидон ба самти майдони Озодӣ ҳаракат кард. Бар асоси хабарҳои расмӣ қисми қурбониён дар Теҳрон, аз ҷумла дар гӯристони Беҳишти Заҳро ва қисми дигар дар шаҳру ноҳияҳои зодгоҳашон ба хок супурда хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи мақомоти Эрон ташкили чунин маросими бошукӯҳ рамзи ваҳдати миллӣ ва посухи рӯшан ба таҳдидҳои хориҷӣ аст. Нозирони сиёсӣ мегӯянд, ки дар чанд даҳсолаи ахир фақат дар замони ҷанги Эрону Ироқ чунин маросимҳое бо чунин издиҳоми бесобиқа баргузор шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ҷанги ахири миёни Эрон ва Исроил баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон дар 13-уми июн оғоз ёфт, ки бо ҳамлаҳои баъдии Амрико ва зарбаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ дар Қатар идома кард. Фақат баъд аз ба миён омадани талафоти сангин ду ҷониб бо миёнравии байналмилалӣ ба оташбас расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад