Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Илия Топурия қаҳрамони нави UFC дар вазни сабук шуд
Имрӯз, 29-уми июн дар Лас-Вегаси Амрико мусобиқаи UFC 317 доир гашт, ки дар муҳорибаи асосии он собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Чарлз Оливейра ва собиқ чемпиони UFC дар вазни нимсабук Илия Топурия барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук рақобат карданд.
Муҳорибаи Чарлз Оливейра ва Илия Топурия дар руанди якум ба итмом расид. Варзишгари испанӣ Илия Топурия ҳарифашро накаут кард ва қаҳрамони нави UFC дар вазни сабук гардид.
Бояд гуфт, Илия Топурия дар нишасти матбуотии пеш аз рақобат гуфта буд, ки нақша дорад Чарлз Оливейраро дар руанди якум накаут кунад ва чунин кард.
Ёдовар мешавем, ки аслан камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук то имрӯз ба варзишгари доғистонӣ Ислом Махачев тааллуқ дошт. Аз сабабе, ки ӯ камарбандашро озод карда, ба вазни ниммиёна баромад, Оливейра ва Топурия бо ҳам муҳориба гузарониданд.
Дар ин росто, пас аз рақобат аз роҳбари ташкилоти UFC Диана Уайт дар бобати муҳорибаи Илия Топурия бо Ислом Махачев барои камарбанди вазни сабук пурсиданд, ки ӯ гуфт имкони ташкили ин рақобат вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”