Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Сарзамини Чингизхон”. Муғулистони фаромӯшшуда мехоҳад ба “оғӯши” Осиёи Марказии бузург баргардад
Шавкат Мирзиеёв, президенти Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 24-25-уми июн ба Муғулистон сафар карда буд, бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд, ки ин густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таърихии ҳардуи ин кишварро нишон медиҳад.
Дар солҳои ахир кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар бо ҳалли масъалаҳои марзӣ ва тақвияти робитаҳои тиҷоратии байниҳамдигарӣ машғул буданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки ин кишварҳо омодаанд, маҳдудаи диди стратегӣ ва иқтисодии худро густариш диҳанд ва Муғулистонро, ки ҳарчанд дорои пайвандҳои таърихию фарҳангии амиқ бо Осиёи Марказӣ асту дар гузашта асосан ҳамчун шарики тиҷорат нодида гирифта мешуд, ба он ҳамроҳ кунанд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Улан-Батор, пойтахти Муғулистон сафари таърихӣ анҷом дод. Ин нахустин сафари як роҳбари Ӯзбекистон ба Муғулистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Президенти Ӯзбекистон ин сафарро “рӯйдоди таърихӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа” тавсиф кард.
Дар натиҷаи ин сафари расмӣ яксилсила созишномаҳо ба имзо расид, ки барои ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, маъданкорӣ, ҳифзи муҳити зист, саноати нассоҷӣ ва сайёҳӣ замина фароҳам меоранд. Президенти Ӯзбекистон эълон кард, ки Ӯзбекистон дар Улан-Батор маркази савдо боз мекунад, ки ба ҳайси “пойгоҳи воқеӣ барои шарикии ҳамаҷониба” хидмат хоҳад кард. Ба ҷуз ин, ӯ гуфт, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз тирамоҳи имсол оғоз хоҳад шуд.
Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ нест, ки ба Муғулистон таваҷҷуҳашро бештар мекунад. Дар оғози моҳи июн президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов низ ба Улан-Батор сафари расмӣ анҷом дод. Ин сафар дар посух ба сафари президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ишқобод дар тирамоҳи соли гузашта анҷом дода шуд.
Муғулистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қарнҳои гузашта пайвандҳои зиёди фарҳангӣ доранд, аз ҷумла аз давраи ҳукмронии таърихи тиллоӣ дар асри XIII, ки саросари қаламрави Авруосиёро фаро мегирифт. Дар он замон ҳокими кулли ин минтақа Чингизхони ғосиб буд. Бо вуҷуди ин, ҳамаи ин пайвандҳои фарҳангӣ ва гузаштаи низомии муштараки коммунистии Шӯравӣ, дар се даҳсолаи аввали пасошӯравӣ ба сатҳи муносибатҳои дипломатии фаъол табдил наёфтанд.
Муғулистон дар соли гузашта иқдоми фаъолеро барои пайвастанд ба шабакаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кард. Дар баробари сафари тирамоҳии Ухнаагийн Хурэлсух ба Туркманистон, ӯ низ дар моҳи июни соли гузашта ба пойтахтҳои Осиёи Марказӣ сафар кард. Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт - Токаев низ дар моҳи октябри соли гузашта ба Муғулистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни форуми минтақавӣ, ки рӯзи 19-уми июн дар Улан-Батор бо ҳадафи густариши тиҷорати муштарак доир гашт, сарвазири ин кишвар Тугмидин Доҷханд гуфт: “Муғулистон дигар фақат як тамошобини канорӣ дар баробари Осиёи Марказии бузург нест, балки ширкаткунандаи фаъол дар бунёди шабакаҳои тиҷоратӣ мебошад”.
Ӯ Муғулистонро як пул дар миёни Осиёи Шарқӣ ва Аврупо унвон кард ва афзуд, ки шабакаи “Каридори миёна” метавонад ба воситаи Муғулистон таҳким ёбад. Тугмидин Доҷханд ҳамчунин, таъкид кард, ки дар моҳҳои оянда бояд қонунгузорӣ ва низомҳои вобаста ба савдо ислоҳ гарданд, то монеаҳо бартараф гарданд.
Ин талошҳои ҳамгироёнаи Муғулистон бо Осиёи Марказӣ ба пуштибонии қавии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо рӯ ба рӯ шуданд. Сафири Амрико дар Муғулистон Ричард Буанган дар ҳамоиши 19-уми июн гуфт: “Ҳамкории минтақавӣ на фақат як интихоби стратегист, балки заруратест барои рушди устувор ва шукуфоӣ. Муғулистон қодир аст нақши муҳиммеро дар тиҷорати миёни Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бозӣ кунад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”