27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
28.06.2025 09:45

Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон неругоҳи навбунёди “Себзор” –ро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 26-уми июн расман неругоҳи барқи обии “Себзор” – ро дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор дод.

Ба гуфтаи масъулин ин лоиҳа, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкати бахши хусусӣ сохта шудааст,  иқдоми муҳим дар самти густариши “иқтисоди сабз” ва таъмини барқи тоза ба минтақаҳои дурдасти кишвар ба шумор меравад.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” дорои се агрегат буда, иқтидори умумии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулон неругоҳ дар як сол метавонад беш аз 77 миллион киловат/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ пок истеҳсол намояд. Ин иқдом имкон медиҳад, то 2020 ҳазор нафар ба шабакаи барқ пайваст шаванд, яъне пешрафте, ки ҳам иқтисоди маҳал ва ҳам шароити иҷтимоии аҳолиро беҳтар хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ лоиҳаи мазкурро намунаи равшани амалисозии стратегияи рушди иқтисоди сабз арзёбӣ намуд. Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки “Себзор” на фақат ба беҳтар шудани таъминот бо неруи барқ мусоидат мекунад, балки имконияти содироти неруи бақр ба кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам мекунад.

Корҳои сохтмонӣ, ки соли 2025 бо гузоштани санги асос оғоз ёфт, асосан ба воситаи ширкатҳои маҳаллӣ ва бо истифодаи таҷҳизоти муосир анҷом дода шудаанд. Бар асоси иттилои расмӣ 97% корҳои техникӣ ва муҳандисӣ аз сӯйи мутахассисони тоҷик ирҷо шуда, дар давраи сохтмон то 600 нафар бо ҷойи кор муваққатан таъмин шудаанд. Ҳоло дар неругоҳ 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолияти доимӣ доранд.

Бо фаъол шудани “Себзор” истеҳсоли неруи барқ дар минтақаи Бадахшон то 25% афзоиш меёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.