27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
28.06.2025 09:33

“Сахт ноумед шудам”. Парвин Шамилова дар бораи дуздӣ шудани маҳсули эҷодаш гуфт

Чанд рӯз пеш Парвин Шамилова, яке аз ҷавонони соҳибистеъдод, ки рассоми рақамист ва ба тасвири иллюстратсияҳои гуногун машғул аст, хабар дод, ки маҳсули эҷодашро бидуни иҷозааш корхонаҳои гуногун истифода кардаанд ва ӯ ҳуқуқи муаллифиашро ҳифз карда наметавонад.

Дар ин росто, Dialog.tj бо Парвин Шамилова ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

“БАРОИ ҲИФЗИ ИЛЛЮСТРАТСИЯҲОЯМ РОҲ МЕҶӮЯМ”

- Суҳбатамонро аз дуздида шудани иллюстратсияҳои шумо оғоз мекунем. Кадом ширкатҳо дуздидаанд ва оё шумо бо онҳо суҳбат кардед?

- Мутаассифона, бархе ба назаре ҳастанд, ки дуздидани тасвирҳои рақамӣ мушкили ҷиддӣ нест, зеро фикр мекунанд, ки иллюстратсия мисли як сурати манбаъҳои озоди интернетист.  Аммо дар асл ин кори ман аст, манбаи даромади ман аст, ризқи ҳаррӯзаи ман аст. Рассоми рақамӣ низ монанди ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ё духтур мехоҳад касбаш даромад дошта бошад.

Пеш аз ҳама ман аз он ҳайрон шудам, ки тасвирҳои маро на танҳо одамони алоҳида, балки ширкатҳои номдор, барои мисол, “Амонатбонк” бидуни огоҳиву иҷозае истифода кард. Яъне, онҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз бо истифода аз иллюстратсияи ман лавҳае омодаву нашр карданд. Аҷоибати кор боз дар он аст, ки вақте ба онҳо суҳбат намудам, беэътиноӣ карданд. На узрхоҳие, на ягон шарҳе.

Инчунин, расмҳои маро тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва марказҳои сайёҳӣ истифода бурдаанд. Ҳатто боре як духтар аз Ӯзбекистон расмҳои саҳифаи маро дар Инстаграм пурра нусхабардорӣ карда, матнҳояшро  бо забони ӯзбекӣ тарҷума намуда, дар саҳифаи худаш гузоштааст ва гӯё муаллиф ӯ бошад. Медонед чӣ, ин танҳо як қисме аз воқеият аст, ки ман ҷуръат карда ба шумо мегӯям. Баъзе чизҳоро ҳатто намехоҳам ошкор гӯям, то барои худам мушкили иловагӣ эҷод накунам.

- Асосан, шумо тасвирҳоятонро чӣ гуна истифода мебаред ва дар куҷо?

- Бояд бигӯям, ки ман ҳамчун соҳибкори инфиродӣ худро ба қайд гирифта, андоз месупоридам. Тасмим гирифтам, ки тасвирҳои гуногунамро дар футболкаҳо нашр карда, ба фурӯш гузорам. Корро сар кардам ва талош мекардам, ки як бренди хурди худро созам. Аммо дар миён касоне пайдо шуданд, ки тасвирҳои маро нусха карданд ва футболкаҳо нашр намуданд. Азбаски онҳо бамаротиб зиёд кор карданд, арзонтар ба бозор бароварданд. Дар ин ҳол ман рақобат карда натавонистам ва фурӯшам якбора коҳиш ёфта, қатъ шуд. Ин ҳодисаҳо маро сахт ноумед карданд. Муддате расм кашиданро бас кардам, дигар корҳои навамро ба Инстаграм нагузоштам.

- Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” амал мекунад. Оё ба ҳуқуқшиносе дар ин маврид муроҷиат накардед?

- Бале, имкони ҳифзи ҳуқуқи муаллиф вуҷуд дорад, аммо мутаассифона, барои тасвиргари рақамӣ хеле мушкил аст. Яъне, барои ҳуқуқи муаллифӣ поймол нашудан, бояд ҳар як асарро алоҳида аз қайд гузаронӣ, патенти расмӣ кунӣ. Ин хеле мушкил аст ва ҳатто навори раванди расмкашӣ далели муаллиф будани ту ҳисоб намешавад. Ман бо ҳуқуқшиносони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машварат кардам. Онҳо гуфтанд, ки барои асарҳое, ки аллакай бе иҷоза истифода шудаанд, гирифтани ҷуброн номумкин аст. Аммо ман даст намекашам. Айни замон роҳ меҷӯям, ки ҳадди ақал иллюстратсияҳои навро ҳифз кунам, то онҳо ба таври расмӣ сабт ва ҳимоя шаванд.

- Агар аз ҷиҳати молӣ гӯем, чанд иллюстратсияи шуморо дуздидаанд ва тахминан чанд пулро дар бар мегирад?

- Шумораи дақиқаи тасвирҳои дуздидашударо намедонам, вале медонам, ки даҳҳо асарамро бидуни иҷоза истифода кардаанд. Тахминан як асари ман аз 100 то 200 доллар арзиш дорад.

- Шумо гуфтед, ки иллюстратсияҳоятонро дар Инстаграм мондед, талабот ба коратон зиёд шуд, вале вақте ки дуздиданд, дигар намемонед. Оё ин бар зарари шумо нест?

- Вақте ки ман иллюстратсияҳоямро дар Инстаграм мегузоштам, корбарон таваҷҷуҳ мекарданд ва ин роҳи бисёр хуби муаррифии ҳунар ва фурӯши маҳсулотам аст. Вале муддате мешавад, ки дилсард шудаам ва матолиби нав нашр намекунам. Ҳайрон мондаам: агар нашр накунам, фармоиш намешавад, агар нашр кунам, онҳоро дуздида истифода мебаранд.

“ИЛҲОМ БА СУРОҒИ ОДАМИ ТАНБАЛ НАМЕОЯД”

- Бештари одамони эҷодиро медонем, ки маълумоти олӣ дар дигар соҳа доранд, аммо эҷодкор шудаанд. Бигӯед, ки барои рассом шудан маълумоти олӣ гирифтан ҳатмӣ аст ё истеъдод басанда аст?

- Ман 5 сол дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсил карда, онро бо ихтисоси санъати тасвирӣ хатм намудам. Махсус барои омӯхтани касби рассоми рақамӣ дар ягон мактаб ё донишкада таҳсил накардаам. Ҳамаш аз он шуруъ шуд, ки як рӯз шавҳарам ба ман iPad ва Apple Pencil туҳфа кард ва кӯшиш кардам расм кашам. Пас аз як сол сабки шахсиамро сохтам ва корҳои ман талабгор пайдо карданд. Вале медонам, ки дар рассом шудани ман саҳми устодонам Зуҳур Нурҷанович, Расулов Ҷамол, Исуф Сангов ва Юсупова Наргиза хеле бузург аст. Маҳз ба кумаку роҳнамоии онҳо ман тавонистам зуд роҳамро дар санъати рақамӣ пайдо кунам.

Ман намегӯям, ки барои ҳар як рассом ҳатман таҳсил дар донишгоҳ ё донишкада зарур аст. Аммо доштани устоди хубу роҳнамои асил хеле муҳим аст. Аз ҷониби дигар, хондан, маълумот гирифтан ҳамеша ба фоида аст. Ман хушбахтам, ки давоми таҳсил аз устодон, хусусан Манзура Турсуновна нозукиҳои касбамро омӯхтам.

- Касби рассомӣ чӣ душвориҳо дорад?

- Албатта, дар касби мо низ мушкилиҳо ҳастанд. Агар кӯтоҳ гӯем, яке аз мушкилоти асосӣ ин хароҷот барои кор кардан аст. Агар рассоми одиро гирем, ӯ бояд коғаз, рангҳои гуногун, мӯқалам, рӯйтоб (холст) ва ғайраҳоро харидорӣ намояд, ки албатта арзон нестанд. Дар санъати рақамӣ ин масъала каме осонтар аст. Яъне, як бор планшет, қалам ва барномаи лозимаро мехарӣ ва тамом.

- Кори эҷодӣ ба илҳом вобастааст. Оё мешавад, ки илҳом набошад ва шумо ҳафтаҳо ё моҳҳо кор карда натавонед?

- Ман ба назаре ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ илҳом ба суроғи одами танбал намеояд. Ҳар қадар бештар кор кунӣ, ҳамон қадар илҳом зиёд мегардад ва оҳиста-оҳиста зебоиро дар одитарин ва ҳатто ғайричашмдошттарин чизҳо мебинӣ. Ман ҳеҷ гоҳ илҳомро интизор намешавам, балки кор мекунам.

- Оё вақти кории муайян доред?

- Бале, реҷаи корӣ дорам. Пештар фикр мекардам, ки барои рассом беҳтарин вақт шаб аст: хомӯшӣ, оромӣ, касе халал намерасонад. Замоне шабона кор мекардам, аммо ин ба саломатӣ, хусусан ба ҳолати рӯҳиам, таъсири манфӣ расонд. Барои ҳамин, ҳоло реҷаи муносиберо аз соати 13:00 то 18:00 интихоб кардаам ва кор мекунам.

- Кори эҷодӣ чӣ гуна ва кай лаззат дорад?

- Фикр мекунам, лаззати кори эҷодӣ ҳамон лаҳзаи эҷод аст. Вале бештар аз ҳама ба ман вокуниши мизоҷон рӯҳияи хуб мебахшад. Масалан, касе вақте ки пас аз чанд сол паём фиристода, мегӯяд, ки ҳоло ҳам маҳсулоти харидаашро истифода мебарад. Дар ин ҳолат ман бисёр хурсанд мешавам.

- Оё ба иллюстратсияҳоятон ном мегузоред?

- Бале, ман ба бисёре аз иллюстратсияҳоям ном мегузорам. Баъзан мешавад, ки ба тасвире менигарам ва мегӯям: “Хуб, ту Маҳинбону”. Ҳамин тавр, номгузорӣ мешавад. Бояд бигӯям, ки ҳангоми расмкашӣ, ман бо онҳо суҳбат мекунам. Бо онҳо доир ба чӣ гуна шудани чеҳраашон, дастону пойҳояшон, сару либосашон суҳбат мекунам ва дар раванди ин муколамаҳо тасвир мекунам. Шояд ин гап каме хандаовар садо диҳад, аммо барои ман воқеан кумак мекунад. Чунки ҳар як қаҳрамонам характери хос, таърихи хос дорад.

- Шумо инчунин, дӯзанда ҳам ҳастед, бигӯед, ки ин касбро чӣ гуна омӯхтед?

Аз сабабе, ки бибиву (падарӣ) модарам ба дузандагӣ машғул мешуданду доимо дар хонаамон мошинаи дузандагӣ буд, ба ман ҳам ин ҳунарро омӯзонданд. Ҳанӯз аз 14-солагӣ дӯзандагӣ мекунам. Дар аввал ман барои худам медухтам, вале оҳиста-оҳиста ин пеша ҳамчун манбаи даромад бароям шуд. Барои бонувони зиёд куртаҳои гуногун медухтам.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.