Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хомонаӣ: “Режими саҳюнистӣ зери зарбаҳои сахт шикаст хӯрд ва қариб аз по афтод”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии сеюм ва баъд аз оташбаси худ гуфт, ки Исроил ва Амрико ноком шуданд ва талошҳои низомии онҳо шикаст хӯрд.
Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин паёми телевизионии худ баъд аз барқарор шудани оташбас гуфт, ки Амрико ва Ироил ба шикасти низомӣ ва нокомӣ дар ҷанг рӯ ба рӯ шуданд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи панҷашнбе, 26-уми июн ба мардуми Эрон муроҷит намуда, гуфт, ки “режими саҳюнистӣ зери зарбаҳои сахт шикаст хӯрд ва қариб аз по афтод”. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки Амрико барои наҷоти Исроил вориди низоъ шуд, вале “ҳич дастоварде” ба даст наовард.
Роҳбари олии Эрон таъкид намуд, ки ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Исроил ва як пойгоҳи муҳимми Амрико дар минтақа “Ал-Адид” нишон доданд, ки Эрон қобилияти гузашт аз системаи дифоии душманон ва расондани зарбаи мустақимро дорад.
“Онҳо тасаввур намекарданд, ки чунин зарбае аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ метавонад ворид шавад. Аммо ин иттифоқ афтод” – таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Роҳбари олии Эрон бо ишора ба ҳамлаҳои Амрико ба зерсохтҳои атомии Эрон гуфт, ки ин “иқдом на фақат натиҷа надошт, балки бояд дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷиноят баррасӣ шавад”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигари паёми худ аз ҳамбастагии густурдаи мардум ва пуштибонии онҳо аз Неруҳои мусаллаҳи Эрон ситоиш намуда, гуфт: “Як миллат дар ҳудуди 90 миллион ҷамъият якпорча, яксадо, шона ба шона дар канори ҳам, бидуни ҳич гуна тафовуте дар хостаҳо ва дар мақсадҳое, ки иброз мекунанд, истодаанд, шиор додаанд, ҳарф заданд, аз рафтори Неруҳои мусаллаҳ ҳимоят карданд, баъд аз ин ҳам ҳамин хоҳад буд. Миллати Эрон бузургвории худашро, шахсияти барҷаста ва мумтози худашро дар ин қазия нишон дод ва нишон дод, ки дар ҳангоми зарурӣ як садо аз ин миллат шунида хоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”