Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ислом Махачев бори нахуст сабаби озод кардани камарбандашро гуфт
Беҳтарин размкор новобаста аз вазн Ислом Махачев, ки чанде пеш камарбанди чемпиониашро дар вазни сабук озод кард, бори нахуст сабаби ин тасмимро гуфт:
"Дар вазни сабук дигар рақиби арзанда надорам. Мақсади дар вазни ниммиёна чемпион шуданро дорам ва аз сабабе, ки роҳбарияти ташкилоти UFC гуфтанд, ки ба ман имкони ҷангидан барои камарбанди дуюмро медиҳанд, аз чемпионӣ дар вазни худам даст кашидам".
Ҳамчунин, Ислом Махачев меафзояд, ки тасмими озод кардани камарбанди чемпионӣ сабаби дигар ҳам дорад.
"Агар ман камарбандро озод накарда, ба вазни дигар бароям, пас нисбат ба размкорони вазни сабук ноҳақӣ мешуд, зеро дар вазни сабук моҳи январ ҷангидам, эҳтимол моҳҳои октябр-ноябр барои камарбанди дуюм биҷангам. Пасон, феврал моҳи Рамазон мешавад ва маълум аст, ки пас аз чанд моҳи он ба майдон мебароям. Яъне камарбандро зиёда аз як сол манъ кардан хуб нест", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки шоми якшанбе варзишгари бразилӣ Чарлз Оливейра ва размкори испанӣ Илия Топурия барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук рақобат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”