Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Душанбе маросими ёдбуди фармондеҳони кушташудаи Сипоҳи посдорони Эрон баргузор мешавад
Ҳафтаи оянда, дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе (30-уми июн ва 1-уми июл) дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон маросими ёдбуди шаҳодати фармондеҳони олирутбаи неруҳои Сипоҳи посдорон ва артиши Эрон баргузор мешавад.
Дар ин хусус Меҳрдод Ҷавонмард, масъули Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба “Диалог” хабар дода, афзуд, ки дар маросими гиромидошти шаҳидони ҷанги Эрон бо Исроил олимону нависандагон, рӯзноманигорону коршиносон ва умуман ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни ҷанги дувоздаҳрӯзаи Эрон бо Исроил тақрибан 31 нафар фармондеҳони баландпояи низомии Сипоҳи посдорон ва артиши Эрон ба шаҳодат расидаанд. Ҳусайн Саломӣ, Муҳаммад Боқирӣ, Ғулом Рашид, Фариддун Аббосӣ, Амиралӣ Ҳоҷизода, Довуд Шайхон, Ғуломризо Меҳробӣ, Маҳдӣ Раббонӣ, Муҳаммад Козимӣ, Алӣ Шодмонӣ аз ҷумлаи фармондеҳони олирутбаи Эрон буданд, ки дар ҷараёни ҷанг бо Исроил ба шаҳодат расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”