27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
26.06.2025 11:42

Коршиноси Амрико мегӯяд, Осиёи Марказӣ дар оянда ба маркази бузурги истихроҷ ва коркарди маъдан табдил меёбад

Ҷеймс Карафано, пажӯҳишгари илмии Пажӯҳишгоҳи «EW Richardson» ва мушовири калони президенти бунёди «Heritage» дар мусоҳиба бо расонаҳои қазоқӣ назари худро дар бораи дурнамои муносибатҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баён кард.

Ба андешаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро ҳамчун як минтақаи ягона мебинад, ки бояд тавассути Коридори Миёна (роҳи нақлиёти байналмилалии Транс-Каспий) ва Баҳри Сиёҳ ба иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст шаванд.

«Иёлоти Муттаҳида ба ҳамкорӣ ва шарикӣ на бо диди рақобати геостратегӣ, балки бо ҳадафи ҳамгироии минтақа ба ҷомеаи иқтисодии васеътар, ки ИМА низ дар он саҳм дорад, манфиатдор аст», — мегӯяд Ҷеймс Карафано.

Ба гуфтаи коршинос, авлавияти Вашингтон дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи захираҳои табиӣ, логистика ва сармоягузорӣ хоҳад буд. Ӯ таъкид мекунад, ки бо оғози истифодаи "реакторҳои модулӣ ва хурди насли нав" талабот ба уран босуръат афзоиш хоҳад ёфт. Ба ҳамин далел, ИМА мехоҳад ба бахши истихроҷи маъдан дар кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ намояд.

«Вашингтон мехоҳад шумораи кишварҳои мустақили содиркунандаи маводи хом дар бозор бештар шавад. Қазоқистон дар оғози занҷираи арзиш қарор дорад — яъне бахши камфоида, ки танҳо ба истихроҷи захираҳо (уран ва унсурҳои нодир) маҳдуд мешавад. Барои афзоиши арзиши иловагӣ, коркард ва имкони содироти маҳсулот зарур аст», — шарҳ дод ӯ.

Ӯ эҳтимоли интиқоли технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ барои коркарди маъдан ба Қазоқистонро рад накарда, афзуд: «Ман фикр намекунам, ки ин ғайриимкон аст. ИМА бояд ба дигар истеҳсолкунандагони минтақавӣ таваҷҷуҳ кунад ва чанд созишнома имзо намояд, ки ба коркарди маъдан дар кишвари шумо иҷоза диҳад».

Ин коршинос гуфт, ки ҳамкорӣ бо Қазоқистон аз лиҳози иқтисодӣ судманд хоҳад буд, зеро ҳар қадаре ки коркард ба манбаъ наздиктар бошад, занҷираи таъминот самараноктар ва фоида барои ҳамаи иштирокчиён бештар мешавад.

«Ман ҷонибдори он ҳастам, ки коркард бояд дар наздикии манбаи хом сурат гирад. Инфраструктура ва коркарди маҳаллӣ моро ба шарикони стратегӣ ва арзишманд табдил медиҳад», — гуфт Карафано.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.