27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
26.06.2025 10:34

Қазоқистон дар 10 соли оянда 300 ҳазор тонна партовҳои зиёновар ба атмосфераро коҳиш медиҳад

Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, ки ин кишвар бо ҷорӣ кардани технологияҳои нав дар корхонаҳо дар 10 соли оянда ҳадаф дорад, 300 ҳазор партовҳои зиёновар ба атмосфераро коҳиш диҳад.

Дар ин хусус Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон иттилоъ дод ва гуфт, ки ин кор ба воситаи гузаштан ба технологияҳои нави саноатӣ ва иқтисоди сабз амалӣ хоҳад шуд. Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон дар Шурои миллии гузариш ба иқтисодӣ сабз стартегияи нави ҳукумат оид ба коҳиш додани  партовҳои зиёновар ба атмосфераро муаррифӣ кард.

Корхонаи «Қазахмыс» дар ин ҷаласа дар бораи насби системаҳои ҷамъоварии чанг гузориш дода, таъкид кард, ки насби чунин системаҳо боиси коҳиш додани партовҳои атмосферӣ то 0,1 фоизи ҳаҷми имрӯза хоҳад шуд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар натиҷаи газификатсияи корхонаи мисгудозии Жезқазон ҳаҷми партовҳо 16 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Бо иваз намудани таҷҳизоти системаи хунуккунии об дар корхонаи мисгудозии Балхаш, истеъмоли оби тоза 35 фоиз кам шудааст.

Корхонаи металлургии Уст-Каменоргски ширкати “Қазинк” хабар дод, ки бо роҳандозии иқдомҳои назаррас ҳаҷми партовҳои атмосферӣ аз 69 ҳазор тонна дар соли 2001 то 15 ҳазор тонна коҳиш ёфт. Дар бобари ин, насби таҷҳизоти нав барои коркарди газҳои дорои диоксиди сулфур ва таҷдиди филтрҳои ҷамъоварии заррачаҳои сахт дар назар аст, ки беш аз 108 миллиард танга сарфа шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.