27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:47, Душанбе
26.06.2025 08:25

Трамп аз номзади раиси шаҳри Ню-Йорк шудани як мусалмони ҷонибдори Фаластин ба хашм омад

Доналд Трамп, президенти Амрико бо нашри як паём хашми худро нисбат ба номзад шудани як шахси мусалмони ҷонибдори Фаластин дар интихоботи раиси шаҳри Ню-Йорк баён кард.

Президенти Амрико бо нашри паём дар шабакаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки “ниҳоят он рӯй дод. Демократҳо аз хатти сурх гузаштанд. Заҳрон Мамданӣ, як девонаи сад дар сад коммунист, ба тозагӣ дар интихоботи ибтидоии демократҳо пирӯз шуд ва дар роҳи раиси шаҳр шудан қарор дорад”.

“Ман қаблан чапгароёни радикалро дида будам, аммо ин дигар мазҳака шудааст. Ӯ даҳшатнок ба назар мерасад, овозаш хашин аст ва чандон зирак нест”- зикр намуд Доналд Трамп.

Президенти Амрико дар ин навиштаи худ чунин илова намуд: “Се узви шурои шаҳр ва се аблаҳ аз ӯ ҳимоят мекунанд, ҳатто сенатори бузурги фаластинии мо, Чак Шумери гирён низ дар баробараш сар фурӯд меоварад. Бале, ин як лаҳзаи бузург дар таърихи кишвари мост”.

Ёдовар мешавем, ки Заҳрон Мамданӣ, номзади сотсиалист ва ҷонибдори Фаластин дар интихоботи ибтидоии раиси шаҳри Ню-Йорк бар номзади рақиби худ Андрей Куомо, раиси пешини иёлоти Ню-Йорк пирӯз шуд.

Заҳрон Мамданӣ агар дар интихоботи раиси шаҳри Ню-Йорк номзади ҷумҳурихоҳонро шикаст диҳад, аввалин раиси шаҳри мусалмони Ню-Йорк дар таърихи Амрико хоҳад шуд.

Ӯ дар изҳори назари тоза гуфт, ки агар раиси шаҳри Ню-Йорк интихоб шавад, Бенямин Нетаняҳуро дар вақти вуруд ба шаҳри Ню-Йорк бар асоси ҳукми додгоҳи ГААГА боздошт хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.