Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Никол Пашинян мухолифонашро ба ташкили “табаддулоти разилонаи давлатӣ” муттаҳам кард
Нашрияи армании “Civic” ба ҳуҷҷате бо номи “Стратегияи давлатӣ” даст ёфтааст, ки дар он нақшаи марҳила ба марҳила барканор кардани ҳукумати имрӯзаи Арманистон зикр шудааст.
Ба навиштаи нашрия ин санади ҳафтсаҳифагӣ аз “сарчашмаҳои боэътимоди мухолифон” ба даст омадааст. Дар ҳуҷҷат ҳадаф чунин муайян шудааст: сарнагун кардани режими Никол Пашинян ва вогузор кардани ҳокимият ба мардум, калисо ва дигар сохторҳои мардум. Бар асоси ин санад, иҷрои нақшаи табаддулоти давлатӣ рӯзи 23-уми июл муайян шудааст.
Дар бахши “захираҳои инсонӣ”-и санади ёфтшуда номҳои президентҳои собиқи Арманистон Роберт Кочарян ва Серж Саргсян, сармоядори боздоштшуда дар Русия Самвел Карапетян, соҳибкор Гагик Старукян, роҳбари Ҳизби Арманистони гулгулшукуфон зикр шудааст. Аз ҷумлаи сохторҳои дар ҳуҷҷат номбаршуда “Газпром Армения” ва “Роҳи оҳани Қафқози ҷанубӣ” мебошанд, ки ба ширкати Роҳи оҳани Русия тааллуқ доранд.
Сарвазири феълии Арманистон Никол Пашинян ин санадро дар саҳифаи фейбуки худ нашр карда, шаҳр додааст. Ӯ гуфтааст “ин раванд ҳамчун “табаддулоти нокомшудаи разилон” дар таърих боқӣ хоҳад монд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”