Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зарурати таҳсилоти томактабӣ ва беҳтар кардани сифати таълим дар баррасии вазир
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ кард.
Бинобар маълумоти Маркази матбуоти Вазорат, зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд, аз ҷумла зарурати гирифтани таҳсилоти томактабӣ.
“Таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии рушди маънавию зеҳнии кӯдаконро ташкил медиҳад ва дар ин самт таваҷҷуҳ бояд бештар гардад”, - таъкид кард вазири маорифи кишвар Раҳим Саидзода.
Раҳим Саидзода вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ раванди сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимиро таҳлил намуда, ба масъулин супориш дод, ки сохтмони иншооти таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир ва босифат ба анҷом расонида шавад.
Инчунин, вазири маорифи кишвар иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълим, муассисаҳо бояд бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва лавозимоти омӯзишӣ таъмин бошанд. Ин омилҳо барои дар амал татбиқ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот ва рушди қобилияти хонандагон мусоидат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”