27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Тоҷикфилм” бо “Ленфилм” –и Русия барои таҳияи филмҳои муштарак созишнома имзо мекунад
Директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфт, “Тоҷикфилм” мақсад дорад, бо киностудияи русии “Ленфилм” барои таҳияи филмҳои муштарак созишнома имзо кунад. Маҳмадсаид Шоҳиён дар ҳошияи Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербург дар ин хусус хабар дод.
Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони “Ленфилм” мулоқот менамояд: “Ман мехоҳам бо онҳо шартнома бандам ва лоиҳаҳои муштаракро оғоз кунем. Мо ба ин ниёз дорем ва мавзуҳои зиёде ҳастанд, ки метавонем дар доираи ин ҳамкорӣ онҳоро таҳия кунем” – афзуд Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Ӯ ёдовар шуд, ки киностудияи “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо студияи русии “Лендок” филми муштараки “Тропа гнева” – ро ба навор гирифт ва корҳои мантажи он анҷом ёфтааст: “Мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо онҳо идома диҳем. Дар рӯзҳои наздик мо бо роҳбари “Лендок” мулоқот хоҳем кард ва ҷузъиёти инро ки чӣ гуна филм бояд ба экран барояд, баррасӣ мекунем”.
Ба гуфтаи ӯ муаррифии филми “Тропа гнева” дар доираи фестивали дуюми байналмилалии синамои “Тоҷи сомон”, ки рӯзҳои 15 – 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, баргузор хоҳад шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод, ки масъалаи роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак дар мулоқот бо намояндагони Россотрудничество ва Бунёди кинои Русия баррасӣ шудааст.
“Онҳо низ омодаанд, ки лоиҳаҳои муштарак амалӣ шаванд. Дар асл, ҳич монеа барои ин вуҷуд надорад. Бисёр муҳим аст, хеле зарур аст. Мо маҳз барои ҳамин дар ин форум ширкат дорем” – таъкид намуд Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Директори “Тоҷикфилм” гуфт, ки дар соли 2024 ду лоиҳаи русӣ дар барномаи муаррифии лоиҳаҳо, ки аз сӯйи “Тоҷикфилм” доир шуда буд, ширкат намуданд ва яке аз онҳо ҷойи аввалро ишғол кард: “Оғози амалии лоиҳаи мазкур дар оянда дар назар аст” – гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”