Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон расман омори талафоти ҷангро эълон кард: 606 нафар кушта ва 5332 нафар захмӣ шудаанд
Мақомоти тандурустии Эрон расман эълон намуданд, ки дар давоми 12 рӯзи ҳамлаи Исроил ба Эрон 606 нафар кушта ва 5332 тани дигар захмӣ шудааст. Ин оморро дирӯз 24-уми июн Вазири тандурустии Эрон Муҳаммадризо Зафарқандӣ эълон кард.
Муҳаммадризо Зафарқандӣ гуфт, фақат дар 24 соати ахир шадидтарин ҳамлаҳо аз оғози ҷанг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 1342 нафар захмӣ ва 107 нафар кушта шуданд. Ӯ гуфт, ки 95 фоизи кушташуда дар зери харобаҳо ҷони худро аз даст доданд ва фақат 5 фоизи захмиёни ба бемористонҳо интиқолёфта, ҳалок шуданд.
“Ин як ҷанги таҳмилӣ ва ҷинояткорона бар зидди инсоният аст. Мардум ва табибони мо дар сафи пешанд” - таъкид кард Вазир.
Вазири эронӣ гуфт, ки шаби гузашта дар пайи ҳамлаҳои вазнини артиши Исроил дар наздикии бемористони Хотамул-Анбиё дар Теҳрон бемористони шаҳид Муттаҳарӣ маҷбуран холӣ шуда, беморон ба дигар марказҳо интиқол дода шуданд. Дар маҷмуъ, дар ду ҳафтаи ахир се бемористон, ки дар минтақаи пурхатар воқеъ буданд, барои ҳифзи ҷони беморон холӣ карда шуданд.
Муҳаммадризо Зафарқандӣ бо ишора ба ҳузури фаврии табибон дар маконҳои таркиш, ҳодисаи майдони Қудси Теҳрон ва ташкили лӯлаи обро мисол овард. Дар тӯли як соат кормандони бемористони шаҳид Таҷриши Теҳрон 50 захмиро ба маркази дармонӣ интиқол доданд. Дар бемористони Мадании Албурз ҳамаи захмиён дар зарфи ду соат қабул ва дармон шуданд.
“Бо вуҷуди мушкилот ва таъхир дар пардохти ҳуқуқ кормандони соҳаи тиб бо тамоми вуҷудашон дар саҳна мебошанд” – гуфт Зафарқандӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”