Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Масъуд Пизишкиён ба Амири Қатар: “Эрон Ғазза, Лубнон ё Сурия нест, ки бо чанд калима таслим кунанд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ гуфт, ки ҳамлаҳои дирӯзи Эрон ба таҷовузи мустақими низомии Амрико фақат посух буд ва набояд чун иқдоми зидди Қатар фаҳмида шавад.
Президенти Эрон гуфт, ки барои “изҳори эҳтиром ва ором кардани дили мардум ва ҳукумати Қатар” ин гуфтугӯро анҷом медиҳад ва афзуд, ки Эрон Қатарро кишвари дӯст, бародар ва ҳамсояи худ медонад ва ҳеч гоҳ нияти рӯ ба рӯ шудан бо ин кишварро надорад.
Масъуд Пизишкиён афзуд, ки иқдоми дирӯза дар посух ба ҳамлаҳои низомии Исроил буд, ки бо ҳимояти мустақими Амрико анҷом дода шуд ва Эрон дар миёни музокирот мавриди ҳамла қарор гирифт. Ӯ таъкид кард, ки музокираи зери зӯру таҷовуз қобили қабул нест.
“Имрӯз режими Исроил ва ҳомиёни он дарк карданд, ки Эрон мисли Ғазза, Лубнон ё Сурия нест, ки бо чанд ҳамла битавонанд онро таслим кунанд. Мардум ба по меистанд ва аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд” – афзуд Масъуд Пизишкиён.
Президенти Эрон аз ҳимоят ва ҳамдилии Қатар дар рӯзҳои душвор сипосгузорӣ намуда, гуфт, ки дар наздиктарин фурсат ба Давҳа сафар карда, бо Амири Қатар дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Амири Қатар дар посух ба ин суҳбат гуфт, ки ин гуфтугӯро фақат як суҳбати расмӣ намедонад, балки онро нишонаи дӯстии самимӣ ва робитаҳои амиқ дар миёни ду кишвар арзёбӣ мекунад. Шайх Тамим бо ишора ба пойгоҳи Амрико дар Қатар таъкид кард, ки аз он ҳеч гоҳ бар зидди Эрон истифода нашудааст ва нахоҳад шуд: “Қатар монеи ҳар гуна иқдом аз ин пойгоҳ бар зидди Эрон хоҳад шуд”.
Амири Қатар гуфт, ки рӯйдоди дирӯза барои мардум ва ҳукумати Қатар як лаҳзаи такондиҳанда буд, зеро онҳо дар ҷараёни таҷовузи Исроил ба Эрон бо мардуми Эрон ҳамдил буданд.
“Мо ба ояндаи робитаҳои дуҷониба бо чашми васеъ нигоҳ мекунем ва омодаем, ҳамкориро густариш диҳем” - гуфт Амири Қатар.
Ӯ афзуд, Қатар аз ниятҳои нек ва ростини президенти Эрон огоҳ буда, умедвор аст, ки равобити ду кишвар ба таври содиқона ва шаффоф пеш равад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”