Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздиди вазири тандурустӣ аз “Беморхонаи вилоятии бемориҳоии руҳӣ”-и ВМКБ
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Беморхонаи вилоятии бемориҳоии руҳӣ”-и ВМКБ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни вохӯриву суҳбат бо масъулини беморхона масъалаи боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониро баррасӣ карда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтару хубтар шудани сатҳи хизматрасонӣ дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи вилоятии бемориҳоии руҳӣ” таъкид кард, ки саривақт иваз намудани сару либос ва рахти хоби беморон, омодагии муассиса ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2025-2026, риояи талабот ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ, зиддисухторӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи бинои муассиса ба роҳ монда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”