Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳафтае як бор. Барқароршавии парвозҳо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар дод, ки пас аз 11 сол парвоз дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом дода шуд.
23-юми июн парвоз дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе аз ҷониби ширкати «Тоҷик Эйр» анҷом дода шуд, ки дар он ба 15 мусофир хизматрасонӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар масири мазкур рафту бозгашт мутаносибан 50 дақиқаӣ давом карда, нархи билет аз як ҷониб 750 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои «Тоҷик Эйр» парвоз дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 иҷро мегардад. Ҳавопаймои АН-28 имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.
Ёдовар бояд шуд, ки парвоз дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки аз ҷониби «Тоҷик-Эйр» анҷом дода мешавад. Қаблан, ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе, Душанбе-Панҷакент-Душанбе ва Душанбе-Рашт-Душанбе парвозҳоро оғоз намуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”