27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
24.06.2025 18:28

Омори расмии талафоти Исроил аз ҷанг бо Эрон нашр шуд: 28 нафар куштаву 3238 нафар захмӣ шудаанд

Вазорати тандурустии режими Исроил омори расмии талафоти ҷонӣ ва захмиёнро нашр кард. Бар асоси иттилои расмӣ то ба имрӯз 28 шаҳрванди Исроил кушта шуда, 3238 нафари дигар бо захмҳои гуногун дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Мақомоти тандурустии Исроил мегӯянд, ки вазъи 23 нафар аз захмиён бисёр вазин буда, 111 нафари дигар дар зери назорати табибон қарор доранд. Гуфта мешавад, ки шумораи зиёди захмиён на дар натиҷаи зарбаҳои мустақими мушакҳо, балки дар натиҷаи тарс, фишори равонӣ ва ё аз даст додани тавозун дар вақти гурез ба паноҳгоҳҳо маҷруҳ шудаанд.

Суҳби рӯзи сешанбе шаҳри Беэрусабаи Исроил шоҳиди шадидтарин мавҷи ҳамлаҳои мушакии Эрон буд. Бино ба гузориши Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Исроил дар ин ҳамлаҳо 5 нафар кушта ва 28 нафари дигар захмӣ шудаанд. Сарчашмаҳои ғайрирасмӣ аз кушта шудани аз 8 то 11 нафар хабар додаанд.

Расонаҳои расмии Исроил бо вуҷуди афзоиши талафот аз инъикоси ҳамаҷонибаи талафот ва хисорот худдорӣ мекунанд. Таҳлилгарон гуфтаанд, ки дар ҳамлаҳои мушакии Эрон садҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд ва ин талафот аз сӯйи расонаҳои расмии Исроил нодида гирифта мешавад.

Ҳамлаҳои мушакии Эрон, ки дар посух ба ҳамлаҳои низомии Исроил ба ҳидди ҳадафҳои эрониву фаластинӣ сурат гирифт, тавозуни қудратро дар минтақа ба таври ҷиддӣ тағйир додааст. Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ин низоъро “хатарноктарин мавҷи низоъ дар чанд даҳаи охир” тавсиф кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.