Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Роза Отунбоева: “Муомилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон вазъи занони Афғонистонро беҳтар накардааст”
Роза Отунбоева, намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар нишасти ин ниҳод гуфт, ки ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон на фақат боиси беҳбуд ёфтани ҳуқуқи занону духтарон нашудааст, балки ба ташкили ҳукумати фарогир ва пешгирӣ аз нақзи ҳуқуқи башар кумак накардааст.
Раиси ЮНАМО Роза Отунбоева гуфт, ки набудани пешравӣ дар ин самт ҷомеаи ҷаҳониро башиддат нигарон карда ва Толибон низ аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ норозӣ ҳастанд, аз ҷумла дар мавриди блок шудани дороиҳои Афғонистон, таҳримҳо бар зидди роҳбарони онҳо ва ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ.
Роза Отунбоева дар ин нишаст гуфт, ки Толибон сиёсати маҳдудкунанда ва табъизомезро ба мардуми Афғонистон таҳмил кардаанд. Ин сиёсат дар доираи Қонуни амр ба маъруф ва найҳ аз мункар ҷараён мегирад ва ба ҳуқуқи занону мардон, ақалиятҳо, иқтисоди кишвар, махсусан тиҷорати занон, фаъолияти башардӯстона ва озодии расонаҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Ӯ гуфт, ки Толибон бо амалӣ кардани чунин сиёсатҳо Афғонистонро аз иҷрои уҳдадориҳои ҷаҳонӣ дур кардаанд ва раванди дубораи ҳамгироии ин кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Роза Отунбоева зикр кард, ки озодии баён ва фазои кории расонаҳои мустақил дар Афғонистон боз ҳам маҳдудтар шуда ва Толибон аз боздоштҳои худсарона барои саркӯб кардани садои мухолиф истифода мебаранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”