Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Саида Мирзиёва роҳбари Дастгоҳи президенти Ӯзбкистон таъин шуд
Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев роҳбари Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон таъин шуд. Қабл аз ин, ӯ ба ҳайси ёвари президенти Ӯзбекистон фаъолият мекард. Фармони таъйини Саида Мирзиёва ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев имзо шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин вазифа бори аввал бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон таъсис дода шудааст ва қаблан дар низоми идории Ӯзбекистон вуҷуд надошт.
Саида Мирзиёева духтари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аст. Ӯ зина ба зина ба мақомҳои баланд дар ниҳоди президентии Ӯзбекистон расид.
Саида Мирзиёева таҳсилоти олиро дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 2001-2006) ба анҷом расонид. Соли 2008 ӯ дараҷаи магистри ҳуқуқро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд (2006-2008) ва соли 2010 дараҷаи магистри иқтисодро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов (2008-2010) ба даст овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”