27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
24.06.2025 08:51

Шарофат Арабова: “Синамои ватанӣ ба як ислоҳот ниёз дорад”

Бо Шарофат Арабова, таърихшинос, таҳлилгари синамо, коргардон ва сенарист доир ба вазъи синамои тоҷик, аз ҷумла истеҳсолу фурӯши филмҳо, норасоиву камбудиҳои соҳа, зарурати таъсиси донишгоҳе барои рушди синамо, нақши фестивалҳо дар бозоргир шудани филмҳои тоҷикӣ ва нақду баррасиҳои маҳсули эҷод суҳбат кардем.

- Шумо аз ҷумлаи эҷодкороне ҳастед, ки яку якбора дар чанд самт фаъолед ва ин маъноеро дорад, ки хеле зиёд кор мекунед. Мехоҳем бидонем, ки бисёр кор кардану дар чанд самт то ҷое муваффақ шудан ягон формулаи муайян дорад?

- Формулаи универсалӣ вуҷуд надорад, зеро ҳар як инсон вобаста ба соҳаи фаъолияташ усули хоси худро пайдо мекунад. Ман хушбахтам, ки ба ҳар коре машғулам дар доираи як соҳа ҳастанд – фарҳанг. Бояд қайд кунам, ки барои расидан ба мақсадҳо ба ман омӯзиши доимо, шавқмандӣ ба кору одамон ва пайгирии дигаргуниву пешравиҳо ёрӣ мерасонанд.

- Шумо таърихшинос, таҳлилгари синамо, коргардон ва сенарист ҳастед. Бигӯед, ки зиёдтар аз ҳама кадоме аз ин самтҳо ба шумо наздиктар аст ва худатонро бештар чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

- Ростӣ, ҳама самтҳое, ки фаъолам, аз ҷумла бо иловаи наворбардориву танзимгарӣ, ҷузъҳои киноматография мебошанд. Ин машғулиятҳо якдигарро пур мекунанд ва ба ман имкон медиҳанд, ки дар ин соҳа бештару беҳтар кор кунам. Дар воқеъ, қариб ҳамеша ман худро ҳамчун коргардони кино ва киношинос муаррифӣ мекунам.

- Бигӯед, ки киро метавон таҳлилгари синамо гуфт?

- Таҳлилгари синамо шахсест, ки раванди истеҳсоли филмро хуб медонад ва ин самти муҳимро ҳамчун як шакли санъат ва муошират дар заминаи фарҳанги ин ё он давра меомӯзад.

- То ҷое маълум аст, аҳли эҷод на ҳамеша нақди маҳсули эҷодашонро қабул доранд. Лутфан, бигӯед, ки таҳлилгари синамо будан дар кишвари мо душвор нест?

- Дар асл бархурду вокуниши одамони эҷодкор ба нақди осорашон дар саросари дунё монанд аст. Гуфтаи зебоест: "Касе, ки гӯш дорад, мешунавад". Ман ба фикре ҳастам, ки  инсони эҷодкор агар андешаи объективиро шунидан хоҳад, бояд омода бошад ва хуб қабул кунад. Дар нақд муҳимтарин чиз он аст, ки танқид бояд созанда бошад ва мушкилоти мавҷударо таҳлил карда, роҳи дурустро нишон диҳад.

- Филмҳои нави истеҳсолшудаи тоҷикӣ нақд мешаванд?  Оё синамогарон ба шумо ҳамчун таҳлилгар барои ёрӣ расонидан ё машварат муроҷиат мекунанд?

- Асосан, бояд ҳар як асар хоҳ тиҷоратӣ бошад ё муаллифӣ баҳо дода шавад. Ман ҳамчун коргардон ба бисёре аз усулҳои кории коргардонҳоямон, ки бо назардошти камбуди буҷаи филмҳои солҳои охир кор мекунанд, шиносам. Бо ҳамкасбонам муносибатҳои хуб дорам, зеро соҳаи кинои тоҷик як бахши хурдест, ки дар он ҳама бо ҳамдигар ошно ҳастанд. Ҳамкасбон вақте ки мехоҳанд дар бораи филмҳояшон фикри маро шунаванд, дар марҳилаи сенариянависӣ ё вақти истеҳсол муроҷиат мекунанд.

- Дар фестивалҳо ҳамчун ҳакамон иштирок кардаед, оё кори эҷодиро баҳо додан ва ҳукм кардан мушкил нест?

- Бешубҳа, беҳтарин кинофестивалҳо онҳое мебошанд, ки барномаи озмунӣ надоранд ва танҳо филмҳо намоиш дода мешаванд. Ҳангоми кор дар ҳайати доварон, мо асари синамоиро аз рӯи ҷузъиёти техникӣ, мундариҷавӣ, мубрамии мавзуъ ва ғайраҳо баҳогузорӣ мекунем, ки на ҳамеша осон аст.

- Ба андешаи шахсии шумо ҳоло синамои тоҷик чӣ ҳол дорад?

- Кайҳо боз синамои ватанӣ ба як ислоҳот ниёз дорад. Ба ман чунин менамояд, ки аз лиҳози муҳтаво мо дар як ҷо истодаем. Дар чунин вазъият ҳамкории синамои тоҷик бо адабиёти тоҷик воқеан муфид хоҳад буд. Биёед, солҳои 1960-умро ба ёд орем, вақте дар Иттиҳоди Шӯравӣ панҷсолаи ба экран баровардани асарҳои адабии классикӣ эълон шуд. Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дар ҳамон солҳо филмҳои хубу диданӣ дар асоси осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Темур Зулфиқоров, Пӯлод Толис ва дигарон тавлид шуданд, ки онҳо ганҷинаи синамои тоҷикро ташкил медиҳанд.

- Дар мавриди норасоиву камбудиҳои синамои тоҷик фикрҳо гуногунанд. Аз ҷумла пул, кадр, идея, сенария ва ғайраҳо номбар мешаванд. Ба фикри шумо мушкили пеш нарафтани синамои тоҷик дар чист?

- Мушкилот зиёд аст ва маҳз онҳо ҳастанд, ки синамои тоҷикро аз рушд кардан боз медоранд. Якум, дар ҳоли ҳозир соҳаи кино дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ шавқовар нест. Барои рафъи ин мушкил қабули чораҳои мувофиқ дар сатҳи қонунгузорӣ зарур аст. Дуюм, буҳрони мавзуӣ. Ҳоло дар кинои тоҷик чанд мавзуи муқарраршударо метавон пайдо кард, ки дар ин ё он шакл аз филм ба филм такрор мешаванд. Аз ин рӯ, якрангии равишҳои эҷодӣ ва қолабӣ ба назар мерасанд. Сеюм ва аз нигоҳи ман хеле муҳим он аст, ки мо бояд фазои эҷодии фаъол ва гуногунсамтаро ташкил кунем. Вақте ки чунин корро кардем, он ҷо омӯзишу рушд дар самтҳои гуногуни санъат, аз ҷумла кино, театр, мусиқӣ, хореография, санъати тасвирӣ, адабиёт, дизайни рақамӣ ба миён меояд. Он гоҳ мо метавонем интизори рушду инкишоф ва тавлиди маҳсулоти хубу олӣ бошем.

- Норасоии кадрҳо яке аз мушкилоти асосии соҳаи синамо ва театр мебошад. Барои рафъи ин мушкил чӣ бояд кард?

- Мутаассифона, мо муассисаи олии касбие надорем, ки пурра ба омода кардани кадрҳои соҳаи кино машғул бошад. Масалан, дар Тошканд филиали ВГИК кушода шуд, ки аз аввал ҳадафаш ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳои кино на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ буд. Медонем, ки бисёре аз намояндагони студияҳои хусусӣ, ки солҳои зиёд дар соҳаи кинои Ӯзбекистон кор кардаанд, дар муассисаи мазкур таҳсил намуда, дониши назариявии худро тақвият доданд. Ҳамчунин, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 3-4 мактаби олии кино фаъолият мекунад. Аммо барои киноматографистони навкори мо на ҳамеша имконияти кӯчидан барои таҳсил ба кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, хусусан таҳсили шартномавӣ. Аз ин рӯ, кайҳо боз зарурати таъсиси як донишгоҳи касбии кино бо шароити муосир дар Душанбе ба миён омадааст. Таъсиси муассисаи махсус барои омода кардани кадрҳои баландихтисос имиҷи кинову театрро дар кишвар баланд мекунад ва хоҳишмандон зиёд мегарданд.

- Филмҳои наве, ки коргардонҳои тоҷик таҳия мекунанд, ҷойи фурӯш надоранд ва бештар мехоҳанд бо намоиш додан дар кинотеатрҳо сарфу харҷашонро пӯшонанд. Оё дар ин солу замон бо пули кинотеатр мешавад харҷи филмро баровард?

- Фикр мекунам, ки танҳо бо намоиш додан дар кинотеатрҳои Тоҷикистон хароҷоти  филмро пӯшондан ғайриимкон аст. Ин чанд сабаб дорад. Якум, филмҳои тоҷикӣ, агар ба намоиш гузошта шаванд, одатан танҳо дар як кинотеатр на дар ҳама кинотеатрҳо ва шаҳрҳо намоиш дода мешаванд. Дуюм, кинотеатрҳои моро бо ангушт шуморидан мумкин аст. Сеюм, директорҳои кинотеатрҳо бо эҳтиёт филмҳои ватаниро барои намоиш мегиранд, зеро онҳо ба таваҷҷуҳи бинандагон вобастаанд. Агар қабул кунанд ҳам, барои муддати кӯтоҳ 1-2 ҳафта аст. Аммо ҳолати истисноӣ низ ҳаст. Дар ҳоле филмҳои тоҷикӣ метавонанд хароҷоташонро пӯшонанд, ки буҷаи хурд дошта бошанд ва ба таври сайёр дар шаҳру навоҳӣ намоиш дода шаванд. Бисёре аз коргардонҳои студияҳои хусусӣ маҳз ҳамин тавр амал мекунанд.

- Солҳои охир шоҳид мешавем, ки бархе коргардонҳои тоҷик махсус барои фестивалҳо кино мегиранд, дар ҳоле ки мардуми мо онҳоро баъди чанд сол ҳам дида наметавонанд. Чаро чунин аст?

- Пеш аз ҳама бояд дарк кунем, ки ягона бозор барои кинои муаллифӣ кинофестивалҳо мебошанд. Агар филм эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кунад (дар кинофестивалҳои дараҷаи "А"), пас онро метавонанд платформаҳои стримингӣ ва дистрибюторҳо дар кишварҳои гуногун харидорӣ кунанд. Аммо дар мавриди он ки тамошобини тоҷик қариб филмҳои истеҳсоли "Тоҷикфилм"-ро намебинад, ин савол ба коргардонҳо нест, балки ба худи киностудия аст.

- Метавонед бигӯед, ки мо барои таҳияи филмҳои хубу таъсиррасон ба афкор чӣ мушкил дорем?

- Гуфтан бамаврид аст, ки филмҳое, ки то андозае буҷаи муносиб доранд, ҳамоно дар “Тоҷикфилм” ва бо маблағгузории давлатӣ рӯйи навор меоянд. Дар онҳо техникаи беҳтар истифода шуда, масъалаҳои ҷиддӣ баррасӣ мегардад. Ин гуфтаҳои ман маъноеро надоранд, ки берун аз “Тоҷикфилм” филмҳои ҷиддӣ сохтан мумкин нест, вале студияҳои хусусӣ табъи тамошобини сатҳи миёнаи тоҷикро ба назар мегиранд, аниқтараш ба он вобастаанд. Филмҳои ҳар ду самт ҳадафҳои гуногун доранд. Хушбахтона, дар "Тоҷикфилм" филм ҳамчун шохаи санъат ва таъсиррасон шинохта мешавад, ки моро мебояд ин падидаро қадр кунем. Бидуни филмҳои муаллифӣ мо рушд нахоҳем кард. Аммо мушкилие низ вуҷуд дорад. Ҳангоми сохтани кинои ҷиддӣ, ки асосан ҳоло бо ҳисоби буҷаи давлатӣ сохта мешавад, коргардонҳои ватанӣ на ҳамеша метавонанд нуқтаи назари худро дар назди шӯрои бадеӣ ҳимоя кунанд. Дар натиҷа, мо филмҳои заиф ва дар вақти танзим қайчишударо ба даст меорем. Қаблан дар киностудия як “мактаб”-и таҳририяи қавӣ вуҷуд дошт, ки аз муҳаррирони касбӣ ва салоҳиятдори кино иборат буд, ки имрӯз комилан аз байн рафтааст.

- Оё филмҳои тоҷикӣ харидор доранд?

- Талабот ба қиссаҳои ватанӣ дар дохили кишвар ҳаст, зеро барои тамошобини тоҷик шинос шудан бо ҳикояҳо ва қаҳрамонони маҳаллӣ шавқовар аст. Мардум мехоҳанд бо қаҳрамонҳое шинос шаванд, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, дорои менталитети тоҷикӣ ҳастанд ва ба хешу табор ва шиносҳояшон монанданд. Масъалаи дигар ин аст, ки кинои мо воқеияти тоҷикиро кам инъикос мекунад, аз ин рӯ таваҷҷуҳ ба он кам мешавад.

- Ин ки бозори моро филмҳои хориҷӣ, махсусан филмҳои туркӣ гирифтаанд, айби кист?

- Дар ин ҳолат ман касеро гунаҳкор намебинам. Барои рафъи ин мушкил моро мебояд бозорро худамон пур кунем. Брои пур кардани бозор бо маҳсулоти ватанӣ, пеш аз ҳама мебояд соҳаи филмсозиро ҳамчун соҳаи муҳиму ҷолиб барои сармоягузорӣ муаррифӣ намоем. Андозбандиро осонтар кунем, иҷозатномадиҳии фаъолияти эҷоди кинои миллиро сода гардонем, инчунин, намоиши филмҳои миллиро дар кинотеатрҳо осон кунем.

- Мегӯянд, коргардон бояд 40-50 соли ояндаро пешгӯӣ карда тавонад ва мувофиқ ба замон намоиши театрӣ ё филм созад. Оё шумо чунин истеъдодро доред?

- Кино бояд барои ҷомеа мубрам, аҳамиятнок ва умедворкунанда бошад. Аммо боз ҳам бисёр чиз аз шакли кино ва дарки он дар ин ҷомеа вобаста аст. Аксар вақт филмҳои таҷрибавӣ ва фалсафӣ аз замони худ пеш мегузаранд. Ман воқеияти имрӯзаро дар филмҳоям нишон медиҳам, вале танҳо гузашти вақт метавонад арзиши ҳақиқии онҳоро муайян кунад.

- Вақте ки сенарияи менависед, аз атрофиён кумак мехоҳед ё ин корро ба танҳоӣ анҷом медиҳед?

- Ман болои сенарияҳо танҳову мустақилона кор карданро авло медонам. Аммо ин маънои онро надорад, ки бо онҳое, ки фикрашон бароям муҳим аст, маҳсули корамро муҳокима намекунам.

- Ҳамчун коргардон буд замоне ки дигар филм сохтан нахоҳед ва хоҳиши тарки ин соҳаро карда бошед?

- Соҳаи кино соҳаи осон нест. Мисли дигаи навъҳои санъат, қабл аз мо вуҷуд дошт ва баъд аз мо низ вуҷуд хоҳад дошт. Тамоми фаъолияти ман дар синамо гузашта истодааст. Аз ин рӯ, роҳи баргашт ё тарк кардани ин соҳа нест. Агар ман навор нагирам, пас, дар бораи он менависам ва ё баръакс нанависам, навор мегирам.

- Агар синамо вуҷуд намедошт, шумо имрӯз ба чӣ кор машғул мешуд?

- Эҳтимол дар соҳаи фарҳанг кор мекардам. Фаъолияти нависандагӣ ва санъати тасвириро якҷо пеш мебурдам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.