Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон ба бузургтарин пойгоҳи Амрико дар Ховари Миёна дар Қатар ҳамлаи мушакӣ кард
Шаби гузашта Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо шиллики 6 мушаки баллистик ба пойгоҳи Ал-Удайди Амрико дар кишвари Қатар ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд. Ин яке аз бузургтарин пойгоҳҳои фармондеҳии Амрико дар Ховари Миёна ва Ғарби Осиё ба шумор меравад.
Мақомоти расмии Эрон гуфтаанд, ки ин ҳамла ба пойгоҳ дар посух ба ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон сурат гирифт. Дар изҳороти расмии мақомоти эронӣ таъкид мешавад, ки шумораи мушакҳои истифодашуда баробар ба шумораи бомбаҳое ҳаст, ки Амрико дар ҳамлаи худ ба муассисаҳои атомии Эрон истифода кардааст. Эрон гуфт, дар вақти анҷоми амалиёт кӯшиш шуд, ки ҳич осебе ба аҳолии мулкӣ ва инфрасохтори Қатар ворид нашавад.
Дар вокуниш ба ҳамлаҳои мушакии Эрон Вазорати корҳои хориҷии Қатар гуфт, ки ҳамаи тадбирҳои амниятӣ барои муҳофизати кормандони пойгоҳи ал-Удайд андешида шудаанд ва аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кард, ки фавран амалиёти низомиро қатъ карда, ба мизи музокирот баргарданд.
Сухангӯи амалиёти “Ваъдаи содиқ-3” –и Эрон гуфт: “Паёми ин иқдоми қотеъонаи фарзандони миллати Эрон ба Кохи сафед ва муттаҳидонаш рӯшан ва ошкор аст: Эрон ҳеч гоҳ таҷовуз ба истиқлол, амният ва тамомияти арзии худро бе посух нахоҳад гузошт”.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон гуфтаанд, ки “давраи зада гурехтан” –и душманон ба поён расидааст ва ҳар гуна амалиёти таҷовузкорона метавонад ба фурӯпошии ҳузури низомии Амрико дар минтақа боис гардад.
Гуфта мешавад, ки Эрон баробар бо шаш бомбаи сангаршикани Амрико ба муассисаҳои атомияш ба пойгоҳи ин кишвар шаш мушак партоб кардааст. Ба навиштаи расонаҳо аз шаш мушаки партобшуда 3 тои он ба пойгоҳи ал-Удайд дар Қатар ба ҳадаф расидааст.
Мақомоти қатарӣ эълон намуданд, ки дар ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта ҳич талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Қатар бо миёнҷигарии Қатар ва Доналд Трамп оташбас эълон шуд. Доналд Трамп шаби гузашта гуфт, ки Исроил ва Эрон ҳар ду ба созиш расиданд, ки ҳамлаи низомиро қатъ намуда, оташбас эълон кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар аввалин вокуниш ба ҳамлаи Эрон гуфт, ки Қатар ҳаққи посух ба халалдор кардани тамомияти арзии кишварро маҳфуз медорад ва ба он посух хоҳад дод.
Шурои олии амнияти миллии Эрон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин ҳамла бар зидди пойгоҳи Амрико дар Қатар анҷом шуд ва таъкид кард, ки Эрон ба робитаҳои дӯстона бо Қатар пойбанд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”