Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тасним: “Системаи дифои ҳавоии Эрон як ҷангандаи Исроилро сарнагун кард”
Бо шиддат гирифтани ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба баъзе аз минтақаҳои Эрон хабаргузории Тасним бо такя ба сарчашмаҳояш хабар дод, ки неруҳои ҳавоии Эрон як ҷангандаи муосири Исроилро сарнагун намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи зарбаи муваффақонаи дифои ҳавоии Эрон дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ ҷангандаи исроилӣ сарнагун карда шуд.
Расонаҳои Эрон менависанд, ки дар ҳамлаҳои нав Исроил се минтақаро дар гирду атрофи шаҳри Табрез мавриди бомбаборон қарор дод. Системаи дифоии Эрон фаъолияти қотеъона нишон додаанд.
Бар асоси гузориш садоҳои таркише, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Табрез шунида мешуд, натиҷаи муқовимати системаи дифои ҳавоии Эрон бо ҳавопаймоҳои исроилӣ будааст.
Дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои Исроил Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳамлаҳои мушакии нав бар хоки Исроилро оғоз кардаанд. Гуфта мешавад, дар амалиёти нави мушакӣ Эрон аз мушакҳои фаросавтии Хайбаршикан, Ҳоҷ Қосим ва Фаттоҳ истифода кардааст.
Исроил баъзе минтақаҳо дар шаҳри Теҳронро низ мавриди ҳадаф қарор додааст. Гуфта мешавад, ки Исроил зиндони Эвин дар шаҳри Теҳронро мавриди бомбаборон қарор додааст ва ҷони аксари зиндониён дар хатар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”