Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зиёда аз 90 кило. Қочоқи маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ карда шуд
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки аз дохили бағоҷи автомошинаи шахсиаш ба миқдори махсусан калони маводи нашъаовар дар 90 баста ва як адад зарфи пластикӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи хизматрасонии Дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Панҷоб», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ як ҳолати қочоқи маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифов Шарофуддин Каримович, соли таваллудаш 1969, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Панҷоби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, маълумоташ миёнаи махсус, оиладор, муваққатан бекор, боздошт гардид.
Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз рӯйи нишондоди Зарифов Шарофуддин муайян карда шуд, ки ӯ бо истифода аз симкорти ширкати мобилии афғонӣ бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Хол, ки гуфта мешавад аъзои гурӯҳи қочоқбари фаромиллии нашъаҷалоб мебошад, алоқаи доимӣ доштааст. Шаҳрванди Афғонистон тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳафт нафар аъзои мусаллаҳи гурӯҳаш тавассути хати сарҳади давлатӣ миқдори махсусан калони маводи мухаддирро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол додааст. Зарифов Шарофуддин мақсад дошт, ки маводи нашъдорро дар махфигоҳ пинҳон намояд, вале кормандони амниятӣ ва марзбонон ӯро боздошт намуданд.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертӣ-криминалистии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи нашъаовари дарёфтшуда 79,722 кг навъи “ҳашиш”, 9,860 кг навъи “афюн” ва 975гр навъи “меамфитамин” буда, вазни умумиашон 90 килограмму 557 грамро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаҳои 36 қисми 5, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2, -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”