Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири собиқи Исроил мегӯяд, Амрико наметавонад Эрони 90 миллиониро ба зону дарорад
Сарвазири пешини Исроил Эҳуд Олмерт бо интиқоди шадид аз Бенямин Нетаняҳу, сарвазири феълии Исроил гуфт, ки ӯ медонад чӣ гуна ҷангро оғоз кунад, аммо қудрат, тавоноӣ ва ҷасорати анҷоми онро надорад.
Ӯ гуфт, бомбаборони Амрико метавонад муваққатан таҳдиди Барномаи атомии Эронро ба таъхир андозад, вале паёмадҳои ин ҳамла густурдатар ва фарогиртар хоҳанд буд.
“Ин як андешаи бо такаббур ва дур аз воқеият аст, ки гумон кунем ҳамлаи пешгирикунанда метавонад кишвари дорои 90 миллион аҳолӣ ва бо мероси ҳазорсоларо ба зону дарорад”- афзуд Олмерт.
Ӯ бо ишора ба ҷанги Ғазза гуфт, Нетаняҳу тавонист таваҷҷуҳро аз ҷанги ноком дар Ғазза дур кунад ва ҳоло ҳамлаи Амрико як фурсати беҳтарин барои анҷоми ҷанг бо Эрон ва хуруҷи ором аз Ғаззаро фароҳам месозад.
“Таҷрибаи гузашта нишон додааст, ки Нетаняҳу медонад чӣ гуна ҷангро оғоз кунад, аммо на қудрат, на эҷодкорӣ ва на ҷасорати ба анҷом расонидани онро дорад”- афзуд Эҳуд Олмерт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”