27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
23.06.2025 07:53

Эрдуғон: “Миллати Эрон бо сабр ва матонат ин рӯзҳои душворро паси сар хоҳад кард”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар ҷаласаи 51-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбул доир гашт, ба сиёсатҳои Исроил ва ҳамлаи ахири ин кишвар ба Эрон вокуниши шадид нишон дод ва ҳушдор дод, ки ҷаҳони Ислом набояд иҷоза диҳад, ки як “Сайк-Пико”-и нав бо хатҳои хунолуд сарнавишти Ховари Миёнаро таъйин кунад.

“Марзҳое, ки бо хун кашида мешаванд, наметавонанд пойдор бошанд” – таъкид кард Эрдуғон.

Президенти Туркия бо ишора ба вазъи фоҷеабори мардуми Ғазза гуфт: “Иҷоза намедиҳем, як тартиботи нави сиёсии шабеҳи Сайк –Пико бо марзҳое, ки бо хун кашида шудаанд, дубора дар минтақаи мо шакл гирад”. Ӯ шароити имрӯзи Ғаззаро “бадтар аз урдугоҳҳои фашистӣ” номида, гуфт, ки ду миллион фаластинӣ 21 моҳ боз дар шароити ғайриинсонии таҳаммулнопазир барои зинда мондан мубориза мебаранд. Президенти Туркия шумори кушташудагони фаластиниро беш аз 55 ҳазор эълон намуд, ки 65 дарсади онҳо занону кӯдаконанд.

“Туркия амиқан дар ғаму андуҳи мардуми Фаластин шарик аст” – афзуд Эрдуғон.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ишора ба таҳаввулоти ахир гуфт, ки “ҳич шубҳае нест, ки миллати Эрон бо иттифоқ ва таҷрибаи қавии давлаташон ба шарофати сабру матонат ин рӯзҳои душворро паси сар хоҳад кард”.

Ӯ ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карда, гуфт “ҳаққи Эрон барои дифоъ аз худ дар баробари терроризми давлатӣ ҳуқуқест комилан қонунӣ ва машруъ”.

Президенти Туркия Бенямин Нетаняҳуро “монеаи асосӣ дар роҳи сулҳи минтақавӣ” номида, гуфт : “Мо бояд иттиҳоди бештаре нишон диҳем, то на фақат дар Фаластин, балки дар Сурия, Лубнон ва Эрон низ таҷовузҳои Исроилро боз дорем”.

“Сарнавишти Истанбул аз Димишқ, Бағдод, Қоҳира, Санъо, Исломобод, Кобул, Троблус, Теҳрон, Макка, Мадина ва албатта Қудсу Ғазза ҷудо нест. Турк, курд, араб, форс, суннӣ, шиа, алавӣ, африқоӣ, осиёӣ ва ҳатто амрикои лотинӣ, ҳамаи мо як қибла ва як тақдир дорем”- илова намуд Эрдуғон.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон Созмони ҳамкории исломиро “дувумин ташкилоти муҳимтарин баъд аз СММ номида, хост ин созмон нақши муассиртар дар ҳалли буҳронҳои минтақа иҷро кунад.

“Ҷаҳони Ислом бояд бо хирад ва иродаи худ ихтилофоти дохилиро ҳал кунад. Мо тавон ва иродаи лозим барои ҳаллу фасли ҳар масъалаеро дорем, ки ба ояндаи мо таъсир мерасонад” – таъкид кард Эрдуғон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.