Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
“Глобс”-и Исроил: “Солҳо тӯл мекашад, то вайронаҳои ҳамлаҳои мушакии Эронро барқарор созем”
Рӯзномаи “Глобс”–и Исроил дар як гузориш навишт, барқарор сохтани биноҳое, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Эрон осеб дидаанд, тақрибан 6 ҳазор шекел (пули яҳудӣ) барои ҳар як метри мураббаъ хароҷот талаб мекунад.
Рӯзномаи иқтисодии “Глобс” ба вайрониҳое, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба қаламрави ишғолшуда ба вуҷуд омадаанд, ишора намуда, навишт, арзёбиҳо нишон медиҳанд, барқарор сохтани биноҳое, ки дар шаҳраки Петах Тиква осеб дидаанд, барои ҳар метри мураббаъ тахминан 6000 шекел (1740 доллар) хароҷот хоҳад дошт.
Ин рӯзномаи саҳюнистӣ дар идома ба раванди бозсозӣ пардохта навиштааст, ки бо назардошти ҳаҷми баланди хисорот ва фишори иқтисодӣ, ки бар асари ҷанги охир ба вуҷуд омадааст, эҳтимол меравад, барқарор сохтани биноҳо солҳо тӯл кашад.
Ба навиштаи ин рӯзнома аксари биноҳо комилан хароб шуда, имкони таъмирсозии онҳо вуҷуд надорад ва бояд аз нав сохта шаванд.
Ин рӯзнома бо такя ба таҳлили коршиносони исроилӣ навиштааст, ки зарбаҳои мушакии Эрон ба инфрасохтори шаҳрҳои Исроил осеби ҷиддӣ ворид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад