Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ташхис ва табобати ройгони 128 бемори чашм дар Суғд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд ба номи Фазлиддин Шарифов”-и шаҳри Хуҷанд ташхис ва табобати гирифторони бемориҳои чашм ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон" амалӣ гардид.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона 128 нафар, ки аз гӯшаю канори вилояти Суғд, хусусан аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муроҷиат намудаанд, ба ташхису табобати ройгон фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки ташхису табобати беморони чашм ба муносибати 28-солагии Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”