27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
22.06.2025 08:51

Трамп: "Мо ба муассисаҳои атомии Фарду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла кардем"

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба се муассисаи атомии Эрон – Натанз, Фарду ва Исфаҳон ҳамлаи муваффақиятомез анҷом доданд.

Ӯ афзуд, "ҳавопаймоҳои амрикоӣ баъди ҳамла дар роҳи бозгашт ҳастанд ва акнун замони сулҳ аст". “Мо ҳамлаҳои муваффақонаи худро ба пойгоҳҳои Фарду, Натанз ва Исфаҳон ба анҷом расонидем. Ҳамаи ҳавопаймоҳо феълан фазои Эронро тарк кардаанд” – гуфт Доналд Тармп. Доналд Трамп иддао кард, ки ҳич артиши дигар наметавонист чунин амалиётро анҷом диҳад. “Акнун вақти сулҳ фаро расидааст” – гуфт Доналд Трамп. Президенти Амрико бо вуҷуди ҳушдорҳо дар хусуси густариши ҷанг ва фоҷеаи атомӣ ба муассисаҳои атомии Эрон ҳамла кард.

Ӯ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" навишт, ки дар бораи ин амалиёт суханронӣ хоҳад кард. “Ин як лаҳзаи таърихӣ барои Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва ҷаҳон аст. Эрон бояд ҳоло ба хотима бахшидан ба ин ҷанг розӣ шавад”- навишт Доналд Трамп. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки дар ин ҳамла аз ҳавопаймоҳои низомии B-2 истифода шудааст. Вокунишҳо ба ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон оғоз шуд. Неруҳои мусаллаҳи Яман гуфтанд, ки “Амрико бояд аз ҷанги мустақим бо Эрон худдорӣ кунад.” Томас Мэсси, намояндаи ҷиноҳи ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагон навишт, ки “ин ҳамла мутобиқ бо Қонуни асосии Амрико нест”.

Сара Ҷейкобс, вакили демократ аз иёлоти Калифорния низ дар "Х" навишт, ки “ҳамлаи Трамп на фақат мухолифи қонуни асосӣ аст, балки метавонад шиддати вазъро бештар карда, Иёлоти Муттаҳидаро ба як ҷанги бемаънӣ ва марговари дигар ворид созад”. Ба иттилои расонаҳои Исроил соатҳо қабл аз ҳамла Бенямин Нетаняҳу ва Доналд Трамп дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили вобаста ба ҳамларо баррасӣ кардаанд. Мақомот ва расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки неруҳои мусаллаҳи режими Исроил дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Сухангӯи артиши Исроил эълон кард, ки ҳамаи фаъолиятҳои омӯзишӣ ва гирдиҳамоиҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то замони муайян манъ карда мешавад. Қабл аз ҳамлаи Амрико Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон ба расонаҳо гуфта буд: “Агар Амрико ба таври фаъолона вориди ҷанг бо Исроил шавад, оқибатҳои он барои ҳама хатарнок хоҳад буд”.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.