Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Владимир Путин: “Ҷаҳон ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ наздик мешавад”
Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия дар бораи густариши даргирӣ дар минтақа ҳушдор дода, гуфт, ки ҷаҳон ба сӯйи Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ меравад.
Президенти Русия гуфт, аз равандҳое, ки ҷаҳонро ба сӯи Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мебарад, нигарон аст.
“Вазъ нигаронкунанда аст. Ман ин суханро бе шӯхӣ ва тамасхур мегӯям. Эҳтимоли сар задани чунин ҷанг хеле зиёд аст ва ин эҳтимол дар ҳоли афзоиш аст. Раванди ҷорӣ, ки дар чашми мо сурат мегирад, таъсири мустақим ба мо хоҳад гузошт” – зикр кард Владимир Путин
Владимир Путин ҳамчунин, рӯзи гузашта гуфт, ки Маскав дар ҳоли мубодилаи мавқеъҳои Эрон бо Исроил барои қатъи хунрезӣ ва барқарор шудани оташбас аст.
“Мо бо дӯстони эронии худ тақрибан ҳамарӯза дар тамос ҳастем ва пешниҳодҳои Маскав феълан мавриди баррасӣ қарор доранд”- гуфт Владимир Путин.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”