Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Низомии исроилӣ: “Эрон баъди зарбаҳо қудрати дифои ҳавоияшро барқарор кардааст”
Як масъули низомии исроилӣ гуфт, ки Эрон баъд аз зарбаҳои ҷиддие, ки аз сӯйи Исроил ба он ворид шуд, қобилияти дифои ҳавоии худро барқарор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон дар самти дифои ҳавоӣ барои барқарор сохтан қадамҳои муҳимме гузошта, талош мекунад, иқтидорҳои низомии худро дубора барқарор кунад.
Рӯзномаи “Ядиъут Аҳоронот” аз гуфтаҳои ин масъули низомӣ иқтибос овардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Эрон ба системаҳое барои ошкор ва мавриди ҳадаф қарор додани ҳавопаймоҳо дастрасӣ дорад ва дубора мушакҳои зиддиҳавоӣ партоб мекунад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки Эрон қобилияти бузурги партоби мушакҳо ва дигар системаҳои дифоии муҳимми низомиро ҳифз кардааст.
Гуфта мешавад, Теҳрон дар назар дорад, ки дар давоми ҳар моҳ даҳҳо мушаки баллистикӣ истеҳсол кунад ва нақшаи ниҳоии он дар давоми даҳ соли оянда сохтани тақрибан 11 ҳазор мушаки баллистикӣ ва пойгоҳҳои мушакӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”