27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
21.06.2025 13:06

Шавкат Мирзиёев ислоҳот дар соҳаи хизмати давлатиро оғоз кард. Занон, рақамисозӣ ва мубориза бо фасод дар меҳвари ислоҳот қарор доранд

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон бо имзои як фармон барномаи ислоҳоти системаи хизмати давлатӣ дар Ӯзбекистонро оғоз кард. Мақсади барнома гузаштан ба меъёрҳои муосири идоракунӣ, ба натиҷа расидан ва шаффофияти ҷалби бештари занон ба идораҳои давлатӣ хоҳад буд.

Дар доираи фармони Президент рушди хизмати давлатии шаҳрвандӣ то соли 2030 амалӣ карда мешавад.

Кормандони нав ба курсҳои махсуси “Ворид шудан ба хизмати давлатӣ” ҷалб мегарданд. Ҳар се сол санҷиши донишу малакаҳо гузаронида хоҳад шуд.

Дар фармон муқаррар шудааст, ки механизмҳои муқовимат ба фасод, арзёбии ахлоқи хизматчӣ ва таҳкими системаи арзишҳои давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, модули рақамии “Xizmat Safari” барои назорати сафарҳои хизматӣ ва замимаи мобилии “Хизматчии давлатӣ” барои омӯзиши фосилавӣ ва мубодилаи таҷриба амалӣ хоҳад шуд.

Аз соли 2026 музди меҳнати хизматчиён бар асоси таҷриба, тахассус ва натиҷаҳо ҳисоб карда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.