Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Бадахшон дар арафаи Ваҳдат 3 парки инноватсионӣ ва 13 корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ мешавад
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти нави саноатӣ, аз ҷумла се парки инноватсионии саноатию технологӣ, иборат аз 14 коргоҳи истеҳсолӣ ва шаш корхонаи дигар ба истифода дода мешавад.
Бар асоси иттилои расмӣ то 1-уми апрели соли 2025 дар ҳудуди вилоят 146 корхонаи саноатӣ сабт шудааст, ки 118- тои онҳо фаъолона фаъолият доранд. Дар умум беш аз 1450 нафар сокинон дар ин соҳа машғул ба кор мебошанд.
Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят бо саҳми корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба 45,8 миллион сомонӣ расид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши 111, 7 фоизро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи масъулон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар солҳои ахир ба як маркази рӯ ба рушди саноатӣ табдил меёбад, самтҳои умдаи истеҳсолии худро ба коркарду бастабандии меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, асал, гӯшти мурғу моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва дӯзандагӣ равона кардааст.
Бар асоси барномаи “Солҳои рушди саноат”, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар Бадахшон бунёди беш аз 90 корхона ва коргоҳҳо ба нақша гирифта шуда, бо ифтитоҳи он тақрибан 1500 ҷои нави корӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”