27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
21.06.2025 12:43

“Бунт” дар форуми Тошканд. Дар вақти суханронии Александр Новак намояндагони Амрико ва Аврупо ҷаласаро тарк карданд

Дар ҷаласаи умумии Форуми чоруми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар вақти суханронии муовини сарвазири Русия Александр Новак беш аз 50 намояндаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо толорро тарк кардаанд.

Форуми мазкур ҳафтае қабл бо суханронии ифтитоҳии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв оғоз шуд. Дар нақша буд, ки ҷаласаи пленариро рӯзноманигор ва муҳаррири кулли “CNN Business” — Ричард Квест роҳбарӣ кунад, аммо ба гуфтаи манобеъ, баъди огоҳ шудан аз ширкати намояндаи ҳукумати Русия ӯ аз модираторӣ даст кашидааст.

Дипломатҳои аврупоӣ ин ҳодисаро “қадами намоёни сиёсӣ” арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо Александр Новак суханрониашро бо паёми шодбошии Владимир Путин оғоз кард. Ин ҳодиса дар миёни ширкаткунандагони форум вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст.

“Ҳамин ки ӯ ба сухан оғоз кард, намояндагони сиёсӣ ва иқтисодии Амрико ва бештари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо эътироз толорро тарк карданд. Ман шахсан дидам, ки намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британия, Лаҳистон, Латвия ва Литва рафтанд. Ҳадди аққал 50 нафар бо ин рафтор норизоятии худро аз ширкати мақоми расмии Русия дар форум баён доштанд”- навиштаанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Ёдовар мешавем, дар соли 2024 низ Ричард Квест модератори ҷаласаи пленарии форуми сеюм буд, вале он замон ҳайати Русия, ки раҳбариашро ёвари президенти Русия Максим Орешкин бар дӯш дошт, дар он суханронӣ накард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.