Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Илон Маск ба Маскав кӯч мебандад? Ӯ аз Русия дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст
Илон Маск, миллиардери маъруфи ҷаҳонӣ ва яке аз афроди мансабдорони муҳим дар ҳукумати Доналд Трамп аз Русия дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Дар ин бора Владислав Даванков, муовини раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия хабар дода, гуфтааст, ки дархости паноҳандагии сиёсии Илон Маск ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ирсол шудааст.
“Ба назари ман Илон Маск дар гузашта иштибоҳҳое кард, аммо бахшидан низ қобилияти муҳим аст. Агар ӯ дар дигар кишварҳо имконият пайдо накунад, мо омодаем, ки барои ӯ дарҳоро боз кунем. Ӯ шахсияти дорои дониши олӣ дар бахши технология аст”- гуфт Владислав Даванков.
Владислав Даванков гуфт, дар давоми як моҳ интизор меравад, ки Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ин дархост посухи расмӣ диҳад.
Чанд ҳафта пеш падари Илон Маск ба Русия сафар карда, аз сиёсатҳои ғарб дар муқобили Русия интиқод карда буд. Ӯ гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ аз мафҳуми “таҳдиди Русия” барои мудирияти мардум истифода мекунанд. Вай таъкид карда буд, ки кишварҳои ғарбӣ Русияро “ҳамчун василаи тарсонидан” –и мардум истифода мекунанд.
Дар ин шабу рӯз эҳтимоли кӯчидани Илон Маск ба Маскав ё ягон кишвари дигар бештар шудааст. Дар ҳафтаҳои гузашта Илон Маск сиёсати нави андозии ҳукумати Доналд Трампро сахт интиқод намуда, онро “нобахшиданӣ” хонда буд. Ин интиқодҳо хашми Доналд Трампро барангехт ва ӯ гуфт, ки Илон Маск “ақлаш” –ро аз даст додааст. Баъди чанд рӯз Илон Маск аз Доналд Трамп узрхоҳӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”