Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар фурудгоҳи Остона муваққатан маҳдуд мешаванд
Расонаҳои қазоқистонӣ аз қавли мақомоти ин кишвар хабар доданд, ки бо далели корҳои таъмир фурудгоҳи байналмилалии Остона дар моҳҳои сентябр ва октябр парвозҳои дохилӣ ва байналмилалиро муваққатан боз медорад.
Маҳдудияти парвозҳо дар майдони ҳавоии Остона ба корҳои таъмир ва азнавсозии фурудгоҳ вобаста аст. Хадамоти матбуоти фурудгоҳ иттилоъ дод, ки бо сабаби гузаронидани корҳои таъмир роҳҳои фуруд ва парвоз дар давраҳои зерин аз 1-ум то 4-уми сентябр, аз 8-ум сентябр то 31-уми октаябр муваққатан баста мешавад.
“Дар санаҳои зикршуда ҳар рӯз аз саоти 10:00 то 18:00 ба вақти Остона роҳ барои парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо дастнорас хоҳад шуд”- зикр шудааст дар иттилоъ.
Корҳои навсозӣ дар доираи хизматрасонии банақшагирифтаи инфрасохтори аэродром гузаронида мешаванд, ки мақсадашон беҳтар кардани амнияти парвозҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирбарӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”