Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Як гурӯҳи фаромиллии қочоқбарон бо 102 кило маводи мухаддир боздошт шуд. Як шарики онҳо дар Амрико будааст
Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як гурӯҳи фаромиллиро боздошт намуданд, ки онҳо ба кочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми бисёр зиёд машғул буданд. Дар натиҷаи амалиёт гурӯҳи фаромиллии қочоқбарони маводи мухаддир бо 102 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳашиш, афюн, метамфетамин ва мэтадол боздошт шуданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки амалиёт аз сӯи кормандони Раёсат дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуд ва дар он як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ, ки шаҳрвандони маҳаллӣ мебошанд, боздошт гардиданд.
Бар асоси маълумоти расмӣ ашхоси боздоштшуда Ҳакимов Фирӯз Баҳодурович (соли таваллуд 1997) ва Ҳусайнзода Абдулло Ҳусайн (соли таваллуд 1988) дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар ҷараёни кочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.
Мақомоти амният хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни амалиёти махсус макони будубоши муваққатии гумонбарон мавриди кофтуков қарор гирифт ва дар махфигоҳ панҷ борхалтаи маводи мухаддир кашф ва мусодира шуд. Тафтишоти экспертӣ нишон дод, ки маводи мусодиршуда метавонад ҳазорҳо нафарро гирифтори нашаъмандӣ созад.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки шахси сеюми гурӯҳ Зокиров Аъзам Искандарович (соли таваллуд 1990), сокини шаҳри Бохтар ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”