Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Содир Ҷабборов: “Терроризм ва ҷиноятҳои фаромарзӣ суботи минтақаро таҳдид мекунанд”
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти раисони Шурои амнияти кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Чолпон–Ота доир гашт, ба зарурати назорати ҷиддӣ ва мунтазами рӯйдодҳои Афғонистон таъкид кард.
Содир Ҷабборов гуфт, ки таъмини субот ва амният дар Афғонистон нақши муҳим ва ҳалкунанда барои амнияти минтақа дорад. Ӯ аз мураккаб гардидани мушкилоти амниятии минтақа изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, таҳдидҳое чун терроризм, ифтротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил амнияти ҷамъии кишварҳои аъзоро таҳти таъсир қарор додаанд.
Президенти Қирғизистон гуфт, ки муборизаи муассир бо ин гуна таҳдидҳо фақат ба воситаи ҳамоҳангсозии ҳамаҷониба ва бо истифода аз усулҳои навоваронаву эҷодкорона имконпазир хоҳад буд.
“Арзёбии дақиқи вазъияти феълӣ ва андешидани тадбирҳои муштараки пешгирикунанда пояҳои суботи минтақаро мустаҳкам месозанд ва ба беҳбуди сатҳи зиндагии сокинони кишварҳои узви СААД таъсири мусбат мерасонанд” - таъкид намуд Содир Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон зарурати татбиқи усулҳои ҳамаҷониба ва системавӣ дар ҳалли масъалаҳои амниятро муҳим хонда, таъкид кард, ки ин усулҳо ба манфиати кулли кишварҳои узв аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”