Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Як нуқра ва ду биринҷӣ. Дастоварди назаррас аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Ҷудочиёни тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 13-ум то 19-уми июн дар Будапешт доир гардид, бо се медал, як нуқра ва ду биринҷӣ ба ватан бармегарданд.
Гуфта мешавад, ки ин дастоварди беҳтарин дар таърихи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дастовардҳои назаррасро, ки дар таърихи ҷудои кишвар таърихнависӣ мешаванд Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило (медали нуқра), Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило (медали биринҷӣ) ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило (медали биринҷӣ) ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки медали бадастовардаи Эмомалӣ Нуралӣ аввалин медали нуқта дар таърихи ҷудои мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ҷудокори тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи мазкур дар вазни -100 кило қувваозмоӣ карда, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Вале панҷ варзишгари дигар Меҳрзод Суфиев (-60 кило), Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (-73 кило), Сомон Маҳмадбеков (-81 кило), Кароматулло Ҳакимов (-100 кило) дар даври интихобӣ ноком шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”