Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳимояти журналисти турк аз журналистони эронӣ дар ҳузури Путин. “Оё аз Эрон ҳимоят мекунед?”
Дар ҷараёни нишасти матбуотии роҳбарони хабаргузориҳои байналмилалӣ бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия Сардар Карагоз, раиси Хабаргузории давлатии Туркия аз ҳамлаи Исроил ба бинои телевизиони давлатии Эрон интиқод карда, аз журналистони эронӣ ҳимоят кард.
Сардар Карагоз зимни суханронӣ дар ҳузури Владимир Путин гуфт: “Қарор буд имрӯз раиси хабаргузории Эрон низ дар ин нишаст ширкат кунад, аммо ба далели оғози ҷанг натавонист ҳозир шавад. Шумо шояд дида бошад, бинои телевизиони Эрон қасдан ва огоҳона мавриди ҳамла қарор гирифт ва тамоми ҷаҳон шоҳиди он буд”.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Карагоз зимни суханронии худ изҳор дошт, ки: “Қарор буд имрӯз раиси хабаргузории Эрон низ дар ин нишаст иштирок кунад, аммо ба далели оғози ҷанг натавонист ҳозир шавад. Шумо шояд дида бошед - бинои телевизиони Эрон ба таври қасдан ва огоҳона мавриди ҳамла қарор гирифт ва тамоми ҷаҳон шоҳиди он буд”.
Журналисти турк Сардар Карагоз ҳамчунин, аз қатли васеи журналистон дар Навори Ғазза ёдовар шуда, афзуд: “Мутаассифона, садҳо хабарнигор дар Ғазза қасдан ҳадаф қарор мегиранд. Мо дар ин ҷо бояд аз наслкушии Ғазза ёд кунем”.
Раиси Хабаргузории Анадолу аз Владимир Путин пурсид: “Ҷаноби президент, оё Шумо барои ҳимоят аз Эрон барномаи мушаххасе доред?
Президенти Русия дар посух ба суоли журналисти турк гуфт, ки ҳоло 250 муҳандиси рус дар неругоҳи атомии Бушеҳр фаъолият доранд ва имкони фазоиши шумораи онҳо то ба 600 нафар вуҷуд дорад. Владимир Путин таъкид кард: “Мо ҳанӯз дар ҷоямон ҳастем ва ин худ ҳимоят мебошад. Эрон то кунун дархости расмии ҳимоят аз Русияро накардааст, аммо мо дар иртиботи доимӣ бо шарикони эронии худ қарор дорем ва ин иртибот идома хоҳад ёфт”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”