Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон дар мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ маркази артиши Исроилро маҳв кард
Неруҳои мусаллаҳи Эрон субҳи имрӯз бо оғози мавҷи нави амалиёти мушакӣ маркази фармондеҳӣ ва иттилоотии артиши Исроилро бо зарбаҳои дақиқ, бо мушак ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳадаф қарор додаанд.
Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як изҳорот гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти нави “Ваъдаи содиқ 3” маркази фармондеҳӣ ва иттилоотии артиши Исроил бо зарбаҳои дақиқ ва бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини интиҳорӣ ва мушакҳои стратегӣ мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти Сипоҳи посдорон ин “ҳамлаи нуқтазан” дар наздикии як бемористон сурат гирифта, қудрати иттилоотӣ ва дақиқ будани системаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба намоиш гузошт.
“Имрӯз тамоми минтақаҳои қаламрави ишғолии Фаластин (Исроил) ба як пойгоҳи низомии саросар аз ҳарос табдил ёфтааст. Артиши режими саҳюнистӣ марказҳои низомии худро холӣ карда, техника ва системаҳои дифоии бенатиҷаро дар миёни маҳалҳои зисти сокинон ҷой додааст”- зикр шудааст дар изҳороти Сипоҳи посдорони Эрон.
Неруҳои мусаллаҳи Эрон қаблан ҳушдор дода буданд, ки тамоми фазои ҳавоии қаламрави Исроилро рахна кардаанд ва дигар ҳеч ҷои амне боқӣ намондааст.
Шаб ва субҳи гузашта Неруҳои мусаллаҳи Эрон мавҷҳои амалиёти мушакии 12, 13 ва 14-и худро бар зидди ҳадафҳое дар Исроил амалӣ намуданд. Ба гузориши расонаҳои хориҷӣ ҳамлаҳои шаби гузашта ва субҳи имрӯзи Исроил харобиҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”