Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Латифи Пидром дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил. “Амрико аз Эрон ва тамаддуни эронӣ тарс ва нафрат дорад”
Латифи Пидром яке аз роҳбарони сиёсии Афғонистон дар пайи ҳамлаи Исроил ба Эрон аз сиёсатҳои Амрико, Исроил ва муттаҳидони онҳо нисбат ба Эрон ва Ховари Миёна сахт интиқод намуда, ҳушдор дод, ҳар навъ иштироки расмии Амрико дар ҷанг бар зидди Эрон паёмадҳои таърихӣ ва ҷуброннопазир хоҳад дошт.
Пидром дар ин ёддошт гуфт, ки ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Исроил фақат ба давлати Эрон рабт надорад, балки ҳар ҷо, ки садои озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ баланд шавад, ҳадафи ҳамла қарор мегирад. Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки “Амрико аз номи Эрон ҳавзаи тамаддуни Эрон ва ҳувияти эронӣ тарс ва нафрат дорад”.
Латифи Пидром зикр кард, агар Амрико расман дар ҷанг бар зидди Эрон ширкат кунад, ин амал “анҷоми ҳузури он дар Ховари Миёна ва дигар нуқтаҳое хоҳад буд, ки қалби онҳо барои озодӣ метапад”.
Латифи Пидром дар ин ёддошт бо ишора ба “мубориза ва муҷоҳидони озодихоҳ дар таърих” ва низ рӯҳониёни масеҳии Амрикои Лотин дар даҳаи солҳои 1960 онҳоро намунаи муқовимат бар зидди империализм дониста, навишт: “Ҷунбиши инқилобии маъруф ба “Калисои ошӯбгар” санаде аз истодагӣ бар зидди ҳокимияти Амрико аст”.
Ӯ кишварҳои арабиро низ таъкид кард, ки ба ҷои ҳамбастагӣ бо Эрон ва бастани роҳҳо ба рӯи Исроил, ба созмон додани “рақси зулфу гесӯ барои саркардагони режими ишғолгар” машғуланд.
“Таҷовуз, хунрезӣ ва ғоратгарӣ аз хусусиятҳои зотии империализм мебошанд. Магар Ғазза бомби атом месохт?”- таъкид кард Латифи Пидром.
Ӯ бо ишора ба таҷрибаҳои низомии Амрико дар кишварҳое чун Ветнам, Корея, Куба, Афғонистон ва ғайра онҳоро “намунаҳои шикасти таҳқиромез” хонда ва ҳушдор дод, ки вуруд ба ҷанги мустақим бо Эрон метавонад Ветнами нав барои Амрико шавад.
“Амрико на фақат дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилии худ, монанди буҳрони Калифорния нотавон аст, балки ҳатто дар ҷаҳони Ғарб низ мадирият ва эътиборашро аз даст додааст”- таъкид кард Латифи Пидром.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”