27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
19.06.2025 16:46

Дар Тоҷикистон 3,5 ҳазор нафарро барои “талафоти барқ” ба ҷавобгарии қонунӣ кашиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оиди қонуншиканиҳои соҳаи барқ ҷаласа баргузор гардид ва дар он таъкид шуд, ки дар давоми моҳҳои ахир беш аз 3,5 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба ҷавобгарии қонунӣ кашидаанд.

Дар ҷаласаи имрӯз, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Умоналӣ Усмонзода доир гашт, масъалаи роҳандозии тадбирҳо барои коҳиши талафоти неруи барқ ва беҳтар сохтани кори шабакаи энергетикӣ баррасӣ шуд.

Ҷаласа дар бинои Ширкати холдини кушодаи “Барқи тоҷик” доир шуда, намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, сохторҳои қудратӣ, мақомоти маҳаллӣ ва мутахассисони соҳаи энергетика дар он ширкат намуданд.

Мавзуи меҳварии нишаст татбиқи иттилои расмӣ, мубориза бо талафоти ғайриқонунии неруи барқ ва таҳкими назорат барои истифодабарии он буд. Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода ислоҳоти ахири қонунгузорӣ, ки рӯзи  15-уми апрели соли ҷорӣ бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд, ба таври ҷиддӣ масъулияти ҳуқуқӣ барои дахолат ба асбобҳои ченкунӣ ва истифодаи нодурусти барқро сахтар мекунанд.

Сарвар Азимзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа иттилоъ дод, ки фақат дар панҷ моҳи аввали соли 2025 520 ҳолати вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика сабт гардида, тиқби санҷиши прокурурорӣ 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Аз ҳисоби корбарони қарздор беш аз 13 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Бар асоси маълумоти пешниҳодшуда дар маҷмуъ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тақрибан 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Илова бар ин, беш аз 39 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор шуда, зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.